Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тадбирҳо бар зидди ҳашароти зараррасон пурзӯр карда мешаванд

Май 8, 2024 10:29

ДУШАНБЕ, 08.05.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон майдони пайдоиши малах 73 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар ситоди вилоятӣ таҳти раёсати Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид гардид,  ки майдони паҳншавии ҳашароти зараррасон   47400 гектарро дар бар гирифта, беш аз 42 261 гектар мавриди коркарди кимиёвӣ қарор гирифтааст.

Тавре қаблан иттилоъ додем, ба хотири пешгирӣ аз хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон ва омодагии доимии техникаҳо Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидаанд.

Зимни ҷаласаи ситод гуфта шуд, ки агар мубориза бар зидди малах анҷом сари вақт наёбад, шояд зарараш ба зироат ва заминҳои кишоварзӣ ҳам расад.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз ба шаҳру ноҳиҳои Вахш 60 адад, Кӯшониён 50 адад, Левакант 30 адад, Панҷ 60 адад заҳрдоруи намуди «Каратэ» тақсим карда шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 8, 2024 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад