Имсол дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҳосили картошка фаровон аст
ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кооперативи истеҳсолии ба номи Эмомалӣ Раҳмони ноҳияи Панҷ дар 14 гектар картошка кишт намуданд, ки ҳоло ҳосил барои ҷамъоварӣ омода мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
16 май Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва истифодаи оқилонаи замин шинос гардид.
Гуфта шуд, ки ин хоҷагӣ соли 1967 таъсис ёфта, майдони умумиаш 1376 гектар аст. Дар 425 гектари он ғаладонагиҳо, 95 гектар- беда, 18 гектар- сабзавот, 14 гектар- картошка ва дар 700 гектар пунбадона кишт шудааст.
Раиси вилоят аз натиҷаҳои бадастовардаи кишоварзон ва оқилона истифода бурдани замин изҳори қаноатмандӣ намуд.
Аҳли хоҷагии деҳқонии «Даврон»-и ноҳияи Панҷ, ки 3,50 гектар заминро дар бар мегирад, ба ҷамъоварии картошка машғул мебошанд. Самти асосии хоҷагӣ пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ буда, дар 2,30 гектар пахта, 0,30 гектар картошка, 0,20 гектар полезӣ, 0,20 гектар ғалладонагӣ, 0,30 гектар беда дар 0,20 гектар дигар намуди зироати кишоварзӣ кишт гардидааст.
Дар ин хоҷагии деҳқонӣ ҳосилнокии картошка имсол хеле зиёд буда, кишоварзон азм доранд, ки ҳам худашон ва ҳам сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бо картошка таъмин созанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






