Имсол кишоварзони Тоҷикистон дар зиёда аз 440 ҳазор гектар кишти баҳории зироат мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 18.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, имсол дар Тоҷикистон дар 440 ҳазору 727 гектар кишти баҳории зироат гузаронида мешавад. То 13 май дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар зиёда аз 395 ҳазор гектар кишти баҳории зироат гузаронида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, майдони киштшударо ғалладонагиҳо, зироати техникӣ, равғандеҳ, полезӣ, сабзавот ва хӯроки чорво ташкил медиҳанд.
Коршиноси Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Назрулло Тошалиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки агар мо заминро самаранок истифода намоем, аз як замин ду ҳосил не, балки чор ҳосил низ гирифтан мумкин аст.
«Баъд аз ҷамъоварӣ намудани ҳосили картошка ва пиёз мо метавонем дар ин замин зироати донагӣ парвариш намоем ва дар қаторҷӯйҳои он кишти офтобпараст гузаронем. Пас аз ҷамъоварии зироати донагӣ кишоварзон ҷуворимакка кишт намуда метавонанд, ки ин ҳам барои дон ва ҳам хӯроки чорво зироати муфид аст»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Мавсуф иброз дошт, ки яке аз шартҳои муҳим- ин киштгардон мебошад. Агар дар як замин ду ё се сол як зироатро кишт намоем, ҳосили он кам мегардад. Инчунин мо бояд маданияти заминдориро баланд бардорем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар қитъа замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем.
Назрулло Тошалиев иброз медорад, ки «Як рӯзи баҳор- пур кунад анбор», яъне бояд аз ин рӯзҳо хуб истифода намуд. Инчунин зироати киштшударо бояд хуб нигоҳубин намуд ва додани нуриҳои минералӣ ё органикиро фаромӯш набояд кард.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд






