Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои устувор гардонидани оилаҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад

Май 16, 2024 11:19

ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои  Осиёи Марказӣ  яке аз аввалинҳо шуда, Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро таҳия ва онро соли 2013 қабул намуд. Имрӯз дар маҷмуъ беш аз 60 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии  занонро дар бар мегиранд, амал менамоянд. Чунин  иброз дошт дар суҳбат ба хабарнигори  АМИТ «Ховар»  сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Ашӯрова вобаста ба Рӯзи байналмилалии оила (15 май).

Мавсуф афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли  2015-ро Соли оила эълон намуданд, инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро пешниҳод намуданд, ки баъди қабули ин қонуни миллӣ  он барои  хонаводаҳои тоҷик  роҳнамои судманд гардид.  Дар ин росто, барои солимии оила ва ҳифзи арзишҳои хонаводагӣ якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ  қабул ва дар ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид гардиданд, ки дар асоси онҳо оила, бастани ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.

Ба андешаи  ҳамсуҳбати мо, бузургони илму адаби тоҷик дар мавзуи оила ва нақши он дар рушду пешрафти ҷомеа,  таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ таҳқиқот, пажуҳиш ва рисолаҳои мондагору ибратомӯзи зиёде ба мерос гузоштаанд. Асарҳои ҷовидонаи адибони классики тоҷику форс далели ин гуфтаҳо мебошанд. Яке аз ақидаҳои бунёдии бузургони илму адаби миллат ин  аст, ки онҳо ҳусни эҳтиром ва масъулиятро нисбат ба зан- модар, фарзандон, дар маҷмуъ ба оила  ва пайваставу ҳамеша анҷом додани амалҳои неку солеҳро дар рафтору гуфтор ва муносибати некбинона  дар оила тарғибу ташвиқ намудаанд.

Дилрабо Ашурова афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи ҳифзи асолати миллӣ ва устуворгардонии оилаҳоро бо назардошти таъсири раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи вазифаҳои асосии фаъолияти сиёсӣ қарор доданд ва дар ин раванд тадбирҳои муассиру самарабахш андешиданд. Аз ҷумла, таъсиси сохтори махсус — Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон исботи он аст, ки дар соҳаи иҷтимоӣ ҳалли мушкилоти таъмини баробарҳуқуқии занон ва таҳти ғамхории ҳамешагии давлат қарор доштани оилаҳо  нақши ҳалкунанда дорад.

Ҳамчунин дар низоми қонунгузории давлат, қабл аз ҳама, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳимтарин принсипу усулҳои ба оила алоқаманд дарҷ шудаанд. Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оила мақом ва манзалати зан — модарро хеле бузург медонанд, мегӯяд сардори Раёсати кор бо занони  ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. Ин аст, ки Пешвои миллат  борҳо зимни суханронӣ доир ба нақши бузурги зан- модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва солимии хонавода таъкид доштаанд. Дар ин радиф, мақоми занро на танҳо дар оила, балки дар пешрафту ваҳдатгароии ҷомеа ва ҳифзи истиқлоли миллӣ ниҳоят бузург мешуморанд.

Дилрабо Ашурова мегӯяд, ки Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки баҳри татбиқи сиёсати гендерӣ ва оила, таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии хушунати оилавӣ,  тақвият ва устувории пояҳои оиладорӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, омода намудани ҷавондухтарон ба зиндагии мустақилона, ҷалби занону духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар оянда ҳам дар раванди фаъолият ба устувории муносибатҳои неки хонаводагӣ ва баланд бардоштани нуфузи хонаводаҳои солим тамоми неру равона  карда мешавад, мегӯяд мусоҳиби мо.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 16, 2024 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
Ба занону духтарони ноҳияи Рашт татбиқи стратегияҳои миллӣ фаҳмонида мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад