МО ҶАВОНЕМ, МО ҶАВОНЕМ, МО ҶАВОН! Дар Тоҷикистон зиёда аз 2 миллион нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд

Май 20, 2024 18:20

ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 933 ҳазор нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин 29 фоизи аҳолиро дар бар мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ин шумора 1 миллиону 454,5 ҳазор нафарро духтарон ва 1 миллиону 474,2 нафарро писарон ташкил медиҳанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз соли 2004, ҷавонон гуфта, ҳамон қишре дар назар дошта мешавад, ки аз 14 то 30 сол дорад.

Бояд гуфт, ки ҷавонон дар ҳар кишвари дунё қишри асосии ҷомеаро  ташкил медиҳанд.  Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ, аз шумораи умумии аҳолии пойтахт қариб 35,6 фоизи онро ҷавонони 14-30-сола ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Душанбе дар айни замон 25 муассисаи таҳсилоти олӣ, 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 192 муассисаи таҳсилоти умумӣ  фаъолият доранд, ки ниёзи ҳазорҳо наврасону ҷавононро қаноатманд месозанд.

Ҷавонон ба ҳайси неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа дар меҳвари асосии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳими Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазо гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки 23 майи  соли  1997  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, Фармон  «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки  23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 20, 2024 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст