Намояндагони Институти Гёте бо фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масоили мубрами ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон /ДБССТ/ бо Институти Гёте (Goethe-Institut) дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо, аз ҷумла марбут ба ташкили даврҳои омӯзиши забони олмонӣ дар мулоқоти ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода бо роҳбари минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказии дафтари Институти Гёте (Goethe-Institut) доктор Ҳайке Уҳлиг дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳайати Институти Гёте бо пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон марказҳои
забономӯзӣ, рушди стратегӣ ва маркази таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар ин донишгоҳ шинос шуд. Ба меҳмонон оид ба фаъолияти марказҳои забономӯзӣ ва пойгоҳи муосири озмоишгоҳии донишгоҳ иттилоъ дода шуд.
Сипас, дар маркази рушди стратегии донишгоҳ доир ба самтҳои стратегии рушд ва низоми менеҷменти сифати донишгоҳ, ки дар заминаи омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ амалӣ гардидааст, инчунин оид ба самтҳои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои грантӣ, ҳамкорӣ бо фондҳо ва ташкилоти маблағгузор маълумот дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳо доир ба ташкили марказҳои омӯзиши забони олмонӣ муайян карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






