ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
ДУШАНБЕ, 18.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре чанде пеш иттилоъ додем, бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо 18 май, аз соати 18:00 то 23:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» баргузор мегардад.
Барномаи «Шабе дар осорхона» бори аввал соли 1997 дар шаҳри Берлини Олмон оғоз гардида, солҳои баъдӣ дар давлатҳои Аврупо ва Амрико гузаронида шуд.
Солҳои охир барномаи «Шабе дар осорхона» дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин шаб бисёре аз осорхонаҳо пас аз ғуруби Офтоб то нисфи шаб дарҳояшонро ба рӯйи тамошобинон боз менамоянд.
Мақсади асосии ин иқдом – муаррифии захира, имконот, иқтидори осорхонаҳои муосир ва ҷалби тамошобинон ба осорхонаҳо мебошад.
АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ва бо мақсади муаррифии иншооти сайёҳии пойтахт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин маводро таҳия намояд.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» моҳи марти соли 2013 дар бинои нави боҳашамат, воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ 11 таъсис ёфтааст. Масоҳати он 24000м2–ро ташкил медиҳад, ки 15 000 м2 он барои экспозитсия пешбинӣ шудааст.
Осорхона дорои 22 толори намоишӣ буда, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррифи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба маъраз гузошта шудаанд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ, аз ҷумла шуъбаи табиат, шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарин, шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд.
Шуъбаи табиати Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Шуъбаи табиат дар зербинои Осорхона ҷойгир буда, дар он тамошобинон оид ба олами ҳоту растаниҳо, иқлим, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот мегиранд.
Дар ин шуъба толори махсуси геологӣ фаъолият менамояд, ки дар он намунаи сангҳои қиматбаҳои конҳои ҳудуди мамлакат, пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин, гӯшаи палеонтология (организмҳои сангшуда) ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар маркази толор дарахти сунъие мавҷуд аст, ки аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон сохта шудааст. Ин дарахт 3м 40 см баландӣ ва 600 кг вазн дошта, 19 536 барг аз сангҳои қиматбаҳо дорад. Ҳамзамон дар ин шуъба бо олами ҳайвоноти Тоҷикистон тавассути диорамаҳои «Помир», «Чилдухтарон», «Даштиҷум», «Бешаи Палангон» шинос шудан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март «Рӯзи байналмилалии пиряхҳо» эълон карда шуд.
Вобаста ба ин 28 сентябри соли 2023 дар роҳрави зербинои Осорхонаи миллӣ толори алоҳидаи экспозитсионӣ бо номи «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» созмон дода шуд. Ин толор бо шаклу услуби замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи осорхонавӣ бунёд гардида, дар он калонтарин пиряхи ҷаҳон Федченко (Ванҷях) ва қитъаи шашуми олам Антарктида ба шакли барҷаста инъикос ёфтааст.
Ҳамзамон дар толор таҷҳизоти соҳаи пиряхшиносӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 2008-2009 дар қитъаи Антарктида барафрохта шуда буд, пешкаши тамошобинон гардонида шудаанд. Ҷолибияти дигари толор он аст, ки ҳангоми ворид шудан ба он садои сунъии шамоли сарди пиряхҳо ва шикастани онҳо ба гӯш мерасад ва тамошобинон худро лаҳзае дар муҳити пиряхҳо эҳсос менамоянд.
Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна яке аз шуъбаҳои калонтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ошёнаҳои якум ва дуюми осорхона ҷойгир аст. Дар ошёнаи якум намоиши шуъба аз харитаи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон оғоз меёбад.
Ҳамзамон ёдгориҳои толорҳои намоишии ин ошёна оид ба бозёфтҳои мансуби асри санг дар Тоҷикистон, деҳшаҳри Саразм, фарҳанги зардуштӣ ва императории Ҳахоманишиҳо маълумот медиҳанд.
Инчунин дар ошёнаи якуми Осорхона толори махсуси сиккашиносӣ (нумизматикӣ) мавҷуд аст, ки маводи он ба таърихи пайдоиши сикка, пул ва қоғазҳои қиматнок бахшида шудааст. Дар ин намоишгоҳ сиккаҳои аҳди Юнону Бохтар (асрҳои II-III то м.), кушонӣ (асрҳои II то м. — IVмилодӣ), сосонӣ (асрҳои III-VII), бухорхудотӣ (асрҳои VII-VIII ), сомонӣ (асрҳои IX-X), қарахонӣ (асри XI), чағатоӣ (асрҳои XII-XIII ), темурӣ (асрҳои XIV-XV), манғитӣ (асри XIX )-ро дидан мумкин аст. Дар толори сиккашиносии Осорхона сиккаҳои ҷашнӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо ба ҷашнҳои 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 – солагии шаҳри Ҳисор, 1000 – солагии Абӯалӣ ибни Сино ва ғайра бахшида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2023 дар Осорхонаи миллӣ имитатсияи ёдгории «Тахти сангин» ифтитоҳ гардид.
«Тахти Сангин» ёдгории арзишманде аст, ки ба давраҳои Ҳахоманишиҳо, Мақдуниҳо ва Кушониён (асрҳои V то мелод ва II мелодӣ) тааллуқ дошта, бозёфтҳои нодири он бо номи «Хазинаи Амударё» то имрӯз мавриди омӯзишу таҳқиқи олимони ҷаҳон қарор доранд.
Ёдгории мазкур дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, моҳи ноябри соли 2021 номинатсияи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид карда шуд.
Ба давлатдории замони Юнону Бохтариҳо, Кушониҳо, Сосониён, Ҳайтолиён ва Панҷакенти қадим давоми экспозитсияи ошёнаи якуми Осорхона бахшида шудааст.
Дар осорхона ёдгориҳои аз Панҷакенти қадим (асрҳои V-VIII) бозёфтгардида: деворнигораҳо, муҷассамаи сӯхтаи духтари раққоса, зарфҳои сафолӣ, порчаҳои сафолии тамғадор маҳфуз ҳастанд, ки ин осор аз гузаштаи пурифтихори ин маркази тамаддуни тоҷикон, ки дар олам бо номи «Помпеи Шарқ» маъруф аст, дарак медиҳад.
Дар толори мудаввар, ки он дар қабати аввали осорхона воқеъ аст, тамошобинон имкон доранд имитатсияи дайри будоии Аҷинатеппаро тамошо намоянд.
Шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Ошёнаи 2-юми Осорхона бо ёдгориҳои маҳфузмондаи замони Сомониён шуруъ мешавад, ки дар толори намоишӣ мансуби ин давр ёдгориҳои аз қалъаи Ҳулбук ёфтшуда, намунаҳои сафолгарии мунаққашу катибадори асри Х, қадимтарин меҳроби чӯбин дар ҷаҳон аз Искодар, кандакории болои чӯби болооби Зарафшон, намунаи матоъпораҳо аз Бозордара, лавозимоти ҳарбии асрҳои XI-XVI, кошиҳо ва намунаҳои хушнависии аҷдодони тоҷикон дар санг, зарфҳои мисӣ ва коғаз ба тамошобинон пешниҳод мешаванд.
Дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхона ёдгориҳо ва экспонатҳо оид ба ҳаёти Тоҷикистони замони Иттиҳоди Шуравӣ (солҳои 1917-1991) маҳфуз буда, оид ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷанги солҳои 1941-1945 маълумот медиҳанд. Ҳамзамон дар ин шуъба дастовардҳои замони истиқлол, аз қабили сохтмони роҳҳо, нақбҳо, бунёди иншооти замонавӣ тавассути экспонатҳо инъикос гаштаанд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Толорҳои намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ дар ошёнаи сеюми Осорхона воқеъ буда, оид ба жанрҳои гуногуни ин намуди санъат, чун портрет, пейзаж, натюрморт, триптих, ҳайкалтарошӣ, санъати амалӣ-ороишӣ ба тамошобинон маълумот медиҳанд. Намоишгоҳи шуъба аз маҳсули эҷоди мусаввирони солҳои 1930 асри ХХ оғоз шуда, давра ба давра рушди ин намуди ҳунарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамояд.
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе