Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд

Май 3, 2024 19:12

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Президенти Федератсияи Русия аз натиҷаҳои ин суҳбати сарони ду давлат чунин хабар медиҳад:

«Масъалаҳои иштироки муштарак дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Москва, ки Эмомалӣ Раҳмон ба он даъват шудаанд, баррасӣ шуд.

Дар фазои корӣ ва созанда доир ба баъзе мавзуъҳои кунунии дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиди террористӣ, инчунин дар соҳаи муҳоҷират табодули афкор анҷом дода шуд. Дар ин замина тавофуқ ҳосил шуд, ки механизмҳои ҳамкории байни вазорату идораҳои дахлдор такмил дода шавад.

Ҳамчунин изҳори итминон карда шуд, ки талошҳои ахири неруҳои муайян барои ба таври сунъӣ шиддатнок намудани вазъ дар атрофи муҳоҷирони кории ба Русия, аз ҷумла аз Тоҷикистон воридшаванда, якҷоя пешгирӣ карда мешавад ва онҳо наметавонанд муносибатҳои бародаронаи бо вақт санҷидашудаи мардумони ду давлатро халалдор намоянд».

АКС аз бойгонӣ

Май 3, 2024 19:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо