27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ваҳдат дурдонаест, ки онро мисли нангу номус, шарафу виҷдон ва имон бояд ҳифз кунем

Июнь 20, 2024 15:52

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои  худро дошта, ба қадр, муҳтаво ва асолати он расидан кори муқаддас ва бузург барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Тавре  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Ин матлабро мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сабзаалӣ Асоев дар мақолааш бахшида ба 27-солагии  Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид намудааст, ки матни пурраи  ин мақола чунин мебошад:

— Дар ҳақиқат барои миллати тоҷик ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон  Ваҳдат дар замони соҳибистиқлолӣ як достони бузург, як достони ҳамдилӣ гашта, барои ҳамагон нуре шудаю кошонаҳоро мунаввар мекунад, нури умед, нури саодат, нуре раҳнамо дар ҳама самту масир!

Ваҳдат барои мо, барои халқи Тоҷикистон як достоне гаштааст, як достони пандомӯзу ибратбахш. Китоби раҳнамое шудааст, ки моро ба кӯйи мурод мебараду сабақи дуруст медиҳад.

Оре, Истиқлолият, Ваҳдат ва Озодӣ ва амсоли он мафҳуму ифодаҳо бароямон аллакай вожаҳои муқаддасу ибораҳои шодифизо гаштаю онҳо ҷовидона дар  кишвар танинандоз мебошанд  ва  моро ба ояндаи боз ҳам нек ҳидоят мекунанд.

Бале, мо аз калимаи Ваҳдат ҳамчунин маънои якдилӣ, иттиҳод, сарҷамъӣ, иттифоқ, муттаҳидӣ ва аз як гиребон сар бардоштани мардум дар роҳи расидан ба ормонҳои миллиро аз таҷриба бо пуррагӣ дарк карда, медонем, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун самараи Истиқлолияти давлатӣ ҳамаро бо дилгармӣ дар оғӯши худ мегираду бахту саодатро ба мо тоҷикон  ато мекунад ва пояҳои соҳибистиқлолии моро, ки яке аз дастовардҳои арзишманди он маҳз Ваҳдати миллӣ мебошад таҳким мебахшаду устувор мегардонад.

Ваҳдати мо бовиқору бо дилпурӣ раҳи саодат, хушбахтӣ ва пешрафтро барои мо боз мекунаду моро  некрӯзу саодатманд  мегардонад…

Метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ имкон дорад чун як рукни идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта шуда, дар роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд. Маълум аст, ки муҳимтарин омили ваҳдат пеш аз ҳама меҳру  муҳаббат ба Ватан, ба забону фарҳанг аст. Албатта,  мардуми мо чунин дилбастагиро доранд. Ҳамчунон дарки ин маънӣ лозим аст, ки ҳар яки мо,  фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастему хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизу гиромӣ мебошанд.

Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои  худро дошта, ба қадр, муҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Тавре  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». 

Аз ин лиҳоз метавон иброз кард, ки Ваҳдат дурдонаест, ки онро мисли нанг, номус, шараф, виҷдону имон бояд ҳифз кунему ҳама бояд дар қатори муҳофизони он бошем. Ваҳдатдорӣ ва ваҳдатофарӣ ва посдории ваҳдат бояд кори ҳамагон гашта, онро ба уҳдаи касе, ниҳоде, ба дӯши давлатдоре бор кардан лозим нест, балки чун боду ҳаво зарурат доштану нигоҳ карданашро ҳама ба назар гирем.

Дигар ҷиҳати ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар шаҳрвандоне мебошанд, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд. Бояд гуфт, ки идеяи ваҳдати миллӣ аз  ташаббусҳои аввалини  Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи меъмори давлати навини тоҷикон аст. Тавре шоир ин заҳматҳои Сарвари давлати моро ба қалам додааст:

Сар гузорам пеши пое, сарбаландам кардааст,
Худ газанде дидаву дур аз газандам  кардааст.
Офарин бар худфурӯзе, қалби худро шамъ кард,
Миллати ҳар ҷо парешони маро сарҷамъ кард.

Оре, дар таъмини ваҳдати ҷомеа албатта, бе шак нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бориз аст. Замоне, ки муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвар интихоб гардиданд, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу муноқиша  рӯбарӯ буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои гуногун  пайи пайдо кардани қазияи ҷанги кишвар шуда, бо гурӯҳҳо ва неруҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ нишаставу  музокира намуданд ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз кард. Имрӯз ҳатто ҳар як аъзои  ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонида, амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст.

Таърихи бистуҳафтсолаи ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳид аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масоили муҳимтарин равона созанд ва дар  ҳалли  масоили гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ  нақши бузург гузонроанд.

Паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ташаббускорию пешоҳангӣ дар ҳалли мушкилоти байналмилалии марбут ба обу иқлим, сохтмонҳои азими аср – неругоҳҳои бузурги барқи обӣ, роҳҳои оҳан, роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингузар дар қалби кӯҳҳои сарбафалак, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, танзими расму оинҳои миллӣ ва монанди инҳо аз тадбирҳои муҳиму бузургу анҷомдодаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ваҳдати миллии моро устувору пойбарҷо гардондаанд.

Сарвари давлат на танҳо дар соҳаи сиёсат ва идораи давлат ба пешравиҳои назаррас муваффақ гаштанд, балки тавонистанд заминаи устувори иктисодиёти миллиро гузошта, барои рушди  муносибатҳои бозаргонӣ ва иқтисодиёти озод роҳ кушоянд. Силсилаи тадбирҳои ҳукумат дар самти  боло бурдани иқтисоди миллӣ, аз ҷумла дар бахши  кишоварзӣ шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд. Имрӯз ба ҳамаи мутаассисон ва донишмандони соҳаи иқтисод маълум аст, ки дар муддати кутоҳ барқарор сохтан ва аз ҳоли харобӣ берун кардани иқтисодиёт дар шароити буҳрони амиқи иқтисодиву молиявии аз даврони  то истиқлол  ва ҷанги дохилӣ ба мерос монда кори саҳлу осон набуд.

Фаъолияти самаранок ва инкишофи иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе татбиқи чорабиниҳои вусъатбахши иштироки ҷумҳурӣ дар тақсими байналмилалии кор чи аз роҳи инкишофи муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва чи аз тариқи инкишофи равандҳои ба ҳамгароӣ нигаронидашуда имконпазир намебуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон дар масъалаи сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ, ки  яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат мебошад тадбирҳои бесобиқа анҷом доданд ва ифтитоҳи роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, нақбҳо, бунёди роҳу пулҳо  дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон, таҷдиди роҳи Душанбе-Бохтар-Кӯлоб, инчунин идомаи босуръати таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин тадбирҳо дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди иқтисодии миллӣ дастовардҳои ниҳоят муҳиму арзишманд  мебошанд.

Ҳадафи давлати Тоҷикистон бо иҷрои ин тарҳҳо таъмини рушди устувори иқтисодӣ буда, нақшаҳои ҳукумат амалан дар доираи се ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ шуд ва батадриҷ амалӣ гардида, ҳадафи чаҳоруми рушд, яъне саноаткунонии мамлакат низ оғоз ёфт.

Имрӯз барои ҳама равшан аст, ки ҳадафҳои номбурдашуда, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, барқарории суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоиста дошта, моро ба суйи ҷомеаи муосиру дунявӣ пайваста роҳнамо мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2024 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад
САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад