Ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24-26 июни соли 2024 ҳайати роҳбарият ва аъзои Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.
Дар доираи ин сафар мулоқоти ҳайати ҳукуматии кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо роҳбарият ва аъзои Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико, аз ҷумла ширкатҳои бонуфузи «Coca-Cola», «FLSmidth», «GE Vernova», «Medtronic», «Thomas Greg & Sons Limited», «Visa», «White & Case LLP», «Unitex», инчунин вохӯрии аъзои Шуро бо доираи соҳибкорони ватанӣ ва бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мулоқотҳо самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва фазои мусоид барои сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкории минбаъда ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, таъсиси корхонаҳои муштарак, кафолату имтиёзҳо барои сармоягузорон, воридоти технологияҳои муосир ба Тоҷикистон, ислоҳотҳои амалинамудаи Ҳукумат дар соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши молиявӣ ва хусусӣ, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар натиҷаи мулоқоту вохӯриҳои доиргардида як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, молия ва рақамикунонӣ ба имзо расонида шуданд.
Аз ҷумла:
— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «FLSmidth» оид ба ҳамкорӣ дар бахши саноат;
— Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Ширкати «Visa» оид ба ҳамкорӣ дар бахши амалиёти бонкӣ;
— Ёддошти тафоҳум байни Бонки тиҷоратии «Эсхата» ва Ширкати «Visa» оид ба ҳамкорӣ дар бахши амалиёти бонкӣ.
Инчунин аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ 3 адад Ёддоштҳои тафоҳум бо Ширкати «StrategEast», Ширкати «Thomas Greg and Sons» ва Ширкати «Jones» таҳия гардида, ҳуҷҷатҳои мазкур онлайн имзо мешаванд.
Дар баробари ин дар ҳошияи сафар ва дар асоси натиҷаҳои ҳамкории судманд бо Ширкати «VISA» 25 июн маросими ҷорӣ намудани низоми пардохти «Google Pay» баргузор гардид, ки тавассути он дар нуқтаҳои савдо ва шабакаи интернет пардохти мобилии муосири NFC ба роҳ монда мешавад.
Ин низоми пардохт барои аҳолии Тоҷикистон имконияти навро пеш меорад ва усули муфиду бехатари пардохт бо истифода аз кортҳои пардохтии байналмилалиро фароҳам меорад.
Дар маҷмуъ сафари мазкур дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, он аз таваҷҷуҳи баланди ширкатҳои амрикоӣ ба бозори Тоҷикистон ва имконияти фарохи иқтисодиёти миллӣ барои ҷалби сармоя дарак медиҳад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ













Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






