БА ҚАДРИ СУЛҲУ СУБОТ БОЯД РАСИД! Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳпаймоӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар роҳпаймоӣ роҳбарият, олимон ва кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки зиёда аз 500 нафарро ташкил медоданд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар чорабинии мазкур иброз дошт, ки «ваҳдат калиди тамоми орзуву омол ва ормони ҳазорсолаи миллату халқиятҳо ба ҳисоб рафта, маҳз дар заминаи ин падидаи нодир метавон ба тамоми мақсадҳо ноил гардид. Ҳам таҷрибаи миллати тоҷик ва ҳам дигар халқҳо бори дигар дар давраи нави таърихӣ исбот намуд, ки бе ваҳдат нигаҳдошти истиқлоли миллӣ ва давлатӣ ғайримкон аст».
Номбурда таъкид намуд, ки иродаи дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи асосиро дар роҳи таҳкими сулҳу субот гузошт. Имрӯз қишрҳои мухталифи ҷомеа, махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот расида, барои якпорчагии Ватан ва осудагии миллат талош намоянд.



«Дар ин самт қишри зиёии ҷомеа бояд бештар фаъол бошанду муҳиммияти арзишҳои ҳастии миллат ва давлати соҳибистиқлолро ба насли наврас ва ҷавони ҷумҳурӣ шарҳу тавзеҳ диҳанд. Насли наврасро бояд дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, содиқ будан ба ин марзу бум, ниёкони хеш ва бунёдкорию созандагӣ ташвиқ намоянд, — изҳор кард президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон.
Дар идомаи чорабинӣ барои фаъолияти бисёрсола ва пурсамар, дастовардҳои назарраси илмӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва татбиқӣ дастовардҳои илмӣ дар соҳаҳои истеҳсолот, маориф ва фарҳанг, инчунин ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ кормандони илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо «Ифтихорнома» сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар ин рӯз барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон













ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






