Байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои маблағгузории лоиҳаи «НБО-и Роғун (Лоти 4)» Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд

Июнь 26, 2024 12:09

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар шаҳри Венаи Австрия,  дар ҳошияи баргузории Форуми рушди Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзиддин Қаҳҳорзода бо Президенти  Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот Ёддошти тафоҳум  оид ба маблағгузории чаҳорчӯбавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои маблағгузории лоиҳаи «НБО-и  Роғун (Лоти 4)» ба имзо расонида шуд.

Ёддошти тафоҳумро Файзиддин Қаҳҳорзода ва доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.

Инчунин 25 июн вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисоди Араб – Валид ал — Баҳар доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рафти татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи муштараки сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Дар вохӯрӣ инчунин ҷонибҳо вобаста ба ҷалби маблағи кумаки техникӣ барои омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои нави афзалиятноки ҷумҳурӣ ва доир ба ҳаммаблағгузории Фонд дар лоиҳаи сохтмони «Неругоҳи барқии обии Роғун» (Лоти 4) ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои афзалиятнок омодагии худро изҳор намуданд.

Зимни иштирок дар Форуми рушди Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) 25 июн Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори генералии Фонди Абудабӣ оид ба Рушд Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ вохӯрӣ намуд.


Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, махсусан маблағгузории идомаи сохтмони иншооти стратегии ҷумҳурӣ- Неругоҳи барқи обии Роғун (Лоти 4) баррасӣ гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои мавриди назар омодагии худро изҳор намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид