БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛИ ТАЪЛИМ ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номи Садриддин Айнӣ 5 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таъсири он ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар конференсия ректори Институти Сингапур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз Донишгоҳи омӯзгории Нейҷани Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагон аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, ИМА, Корея, Олмон иштирок намуданд.
Дар конференсия дар бораи нақши бузургу арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба наврасону ҷавонон ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ сухан гуфта, ташаббусҳои Сарвари давлат дар ин самт арзишманду таърихӣ ва муҳим номида шуданд.
Гуфта шуд, ки ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ доир гардид.
Иштирокчиён дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омӯхтани забон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, густариши муносибатҳои байналмилалӣ, тарҷумаю тарҷумашиносӣ, таҳқиқоти олимону муҳаққиқон дар ин самт ва дигар паҳлуҳои соҳаи филология ибрози назар карданд.
АКС: Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова








157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд






