Дар Душанбе масъалаи кумаки бебозгашти техникии Чин ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид

Июнь 21, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи кумаки бебозгашти техникии Чин ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо намояндагони Вазорати савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ширкати технологии «НУКТЕК»-Чин дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар асоси «Мубодилаи ёддоштҳо оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин», ки 13 октябри соли 2018 ба имзо расонида шуда буд, аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ дар моҳи январи соли 2020 ба Хадамоти гумрук тақдим гардид.

Таҷҳизоти муоинаи гумрукии ширкати «NUCTECH COMPANY LIMITED»-и Чин, аз 8 номгӯй ва 146 адад иборат буда, насб ва васл намудани ин таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони чинӣ дар гумрук ва дидбонгоҳҳои гумрукии Хадамоти гумрук ба анҷом расонида шуда, ҷониби чинӣ кафолат ва хизматрасонии ин таҷҳизотро дар муҳлати ду сол аз санаи насби онҳо, ба зимма гирифта буд ва ин марҳила айни ҳол ба анҷом расидааст. Аз ин рӯ, намояндагони Чин аз раванди муоинаи гумрукӣ, ки бо истифода аз технологияҳои чинӣ анҷом дода мешавад, аз наздик шинос шуданд.

Гуфта шуд, ки вохӯрии мазкур дар тақвият ва густариши ҳамкории гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориро муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар самти фаъолияти гумрукӣ масъалагузорӣ карданд.

Таъкид гардид, ки баъди насби таҷҳизоти техникии чинӣ иқтидори назоратии гузаргоҳҳои наздисарҳадии гумрукӣ тақвият ёфта, инфрасохтори гумрукие, ки ба талаботи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад,  фароҳам оварда шудааст.

Бо дарназардошти  имкониятҳои мавҷудаи байни давлатҳо,  ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати пешбурди раванди корӣ дар сатҳи дахлдор ташкил ва татбиқи лоиҳаҳои нави ҳамкориро бояд шуруъ намоянд.

Ҳайати намояндагони Чин инчунин бо раванди фаъолияти дидбонгоҳи терминали №1 дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид