Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир гардид

Июнь 25, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 25.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро бо баргузории ҳамоиши тантанавӣ таҷлил намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.

Директори Маркази миллии патенту иттилоот Мирзо Исмоилзода гуфт, ки «давоми 27 соли ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ ба анҷом расиданд, ки мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем. Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат, осоишу ободӣ, фарзонагӣ, амну субот, меҳру садоқат, таҳкими давлат, наҷоту ҳастии миллат буда, ҳар як тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки барои таҳкими сулҳи бебозгашт ва ваҳдати сартосарӣ талош намояд».

«27 соли Ваҳдати миллиро метавон 27 соли эҳёи миллӣ, баҳамоиву пойдории сулҳу суббот ва оромӣ, 27 қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоду демкоратӣ арзёбӣ намуд, ки дар таърихи навини давлати тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад», -афзуд номбурда.

Иштирокдорони дигари ҳамоиш оид ба дастоварҳои бо шарофати ваҳдати миллӣ ба дастомада, аҳамияти он дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла гуфтанд, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ба тамоми оламиён маълум аст ва тамоми созмонҳои байналмилалӣ онро ҳамчун падидаи нодири сулҳофарӣ эътироф карда, дар мамлакатҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар ҷаҳон онро мавриди омӯзишу истифода қарор медиҳанд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

Июнь 25, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид