Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд донишкадаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис меёбанд

Июнь 29, 2024 09:51

ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд донишкадаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис меёбанд. Масъалаи мазкур дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, баррасӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Донишкадаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд бо мақсади рушди таҳсилоти олии касбӣ дар минтақаҳо, таъмини дастрасӣ ва қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ба таҳсилоти олии касбӣ дар минтақаҳо ва густариши ҳамкории байналмилалӣ бо ҳадафи баланд бардоштани мавқеи байналмилалии мамлакат дар самти таҳсилот таъсис дода мешаванд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи мамлакат  иброз намуданд, то давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо фарогирии 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият менамуд. Айни замон, дар мамлакат 47 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии беш аз 220 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд. Дар ин давра, шумораи донишгоҳҳо ва донишҷӯён мутаносибан 4 баробар зиёд шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар даҳсолаҳои охир афзоиши шумораи аҳолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,3 %-ро ташкил медиҳад ва дар ҳоли чунин суръати афзоиш барои даҳсолаи минбаъда боз зарурати бунёди даҳҳо мактабҳои олӣ пеш меояд.

Аз ин рӯ, таъсиси донишкадаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар минтақаҳо ба бунёди инфрасохтори нави таҳсилотӣ ва ҳалли мушкилоти фарогирии довталабон барои таҳсил дар макони зист имкон фароҳам месозад.

Ёдовар мешавем, ки яке аз афзалиятҳои стратегии соҳаи маориф дар чорчӯбаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини баробарӣ ва дастрасӣ ба таҳсил мебошад.

Таъсиси донишкадаҳои байналмилалӣ дар минтақаҳои кишвар имконият медиҳад, ки дастрасии донишҷӯён аз минтақаҳо ба таҳсилоти олии касбӣ дар чорчӯбаи меъёрҳои байналмилалӣ таъмин гардида, минтақаҳои мамлакат дар самти баланд бардоштани мавқеи байналмилалии ҷумҳурӣ дар самти таҳсилот саҳмгузор бошанд.

Маврид ба таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 10 ҳазор ҷавонро барои азхудкунии илму донишҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи кишварҳои дигар равон мекунад ва ҳоло шумораи умумии онҳо беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки таъсиси донишкадаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар вилоятҳои Хатлону Суғд имкон фароҳам меорад, ки шабакаи донишгоҳҳои байналмилалӣ дар мамлакат ташкил карда шуда, дар заминаи омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби омӯзгорони хориҷӣ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таҳсилотӣ, роҳандозии табодули академии донишҷӯён, таҳсилоти дуалӣ ва дудиплома, мутахассисони баландихтисоси рақобатпазири ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ дар дохили мамлакат тибқи стандартҳои байналмилалӣ омода карда шаванд. Ҳамзамон хароҷоти буҷети давлатӣ барои омодасозии мутахассисон дар дохили кишвар кам карда шавад.

Донишкадаҳои байналмилалӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди устувор  дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Дар баробари ин таъсиси донишкадаҳо барои ташкили ҷойҳои нави корӣ муосидат намуда, ҷиҳати рушди иқтисод ва соҳаҳои сайёҳиву соҳибкории дар минтақа, рушди инфрасохтори таҳсилотӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.

Таъсиси донишкадаҳои байналмилалӣ дар минтақаҳо имкон фароҳам месозад, ки бо шарофати таъсиси ҷойҳои нави корӣ устувории иҷтимоӣ дар минтақаҳо то ҳадди муайян вусъат ёфта, бо роҳи баланд бардоштани маърифат ва маълумоти аҳолӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ рушди устувори  ҷомеа таъмин гардад.

Ҳамчунин дар заминаи таҳқиқ ва оммавигардонии мероси таърихию фарҳангии минтақаҳо аз ҷониби олимону муҳаққиқони донишкадаҳо, объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳифз гардида, рушд дода мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 29, 2024 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе соҳиби ду таҷҳизоти лабораторӣ аз фанни физика гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав иҷозатнома гирифт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
Соли 2025 беш аз 8 миллион нусха китоби дарсӣ чоп гардид
Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад