ФУТБОЛ. Тими «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:0 бар дастаи «Куктош» ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бозии даври 11-уми Лигаи олии Тоҷикистон хеле ҷолиб баргузор шуд, ки дар он дастаи футболи «Куктош» — ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро қабул кард. Дар бозӣ дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби калонӣ 3:0 бар тими «Куктош» зафар ёфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, голҳоро аз ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Исломҷон Тошпулатов дар дақиқаи 32-юм, Сергей Тсканян дар дақиқаи 60-ум ва Дени Далиев дар дақиқаи 87-ум ба нишон расониданд.
Директори дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Нуралӣ Хоркашев пас аз бохти даста иброз дошт, ки «баъд аз бохти дастаи футболи «Куктош» аз дастаҳои «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва ин навбат аз «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо сабаби мушкилоти молӣ даста дигар наметавонад дар Лигаи Олӣ баромад намояд. Ҳоло дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 19 имтиёз дар зинаи сеюм аст. Дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бошад бо 4 имтиёз дар зинаи охир аст. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 27 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад».
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид






