Имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дар Риёз муаррифӣ гардид

Июнь 1, 2024 16:50

ДУШАНБЕ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Форуми мазкур дар доираи татбиқи“Нақшаи амали муштараки муколамаи стратегӣ ва ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ барои солҳои 2023-2027”, ки зимни Саммити  кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ 19 июли 2023 дар шаҳри Ҷидда бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, доир шуд.

Дар кори форуми сармоягузорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва  идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, масъулони мақомоти давлатӣ ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои пешсафи бахши хусусии Тоҷикистон  иштирок намуд.

Дар ҷаласаи пленарии Форум, ки таҳти раёсати Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ ҷараён гирифт, роҳбари ҳайати Тоҷикистон суханронӣ карда, дар бораи фазои сармоягузорӣ ва самтҳои авлавиятноки рушди иқтисоди кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Инчунин дар доираи форум ҷаласаҳои панелӣ дар мавзуъҳои “Инфрасохтор ва рушд”, “Энергияи таҷдидёбанда ва тоза”, “Кишоварзӣ ва амнияти ғизоӣ” ва “Истихроҷи маъдан ва металҳо” баргузор шуданд, ки дар кори онҳо муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин  Нуриддинзода,  муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода,  роҳбари ширкати “Барх Консалтинг”, ҳамраиси Шурои кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Ш. Самиев ва намояндаи ширкати “Талко” Т. Назаров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Июнь 1, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд