«МАКТАБИ ВАҲДАТОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назарияӣ баргузор шуд

Июнь 25, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назарияӣ таҳти унвони «Мактаби ваҳдатофарии Пешвои миллат» баргузор шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш роҳбарияти Донишгоҳ, устодону кормандон ва меҳмонон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳи миллӣ  Эмомалӣ Насриддинзода таъкид намуд, ки раванди сулҳи тоҷикон воқеаи басо беназир ва омӯзанда аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки берун аз он дар саросари ҷаҳон мавриди қабул ва омӯзиш қарор гирифт.

«Пешвои муаззами миллат иброз медоранд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст», ёдоварӣ шуд дар ҳамоиш.

Тазаккур дода шуд, ки сулҳу ваҳдати тоҷикон собит намуд, ки дар ҳалли ҳар гуна моҷаро, зиддиятҳои иҷтимоиву гурӯҳӣ ва қавмию миллӣ нақши шахсияти таърихӣ барҷаста аст.


Вобаста ба нақши Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ иброз гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дар идомаи ҳамоиш  оид ба моҳият ва аҳамияти ваҳдати миллӣ, барқароршавии сулҳ ва амнияту осоиш дар ҷумҳурӣ, зарурат ва ҳифзи сулҳу ваҳдати бо заҳматҳои зиёд бадастомада, таъмини якпорачагии сарзамини тоҷикон ибрози назар карда шуд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ  дар Тоҷикистон заминаҳои рушду пешрафт фароҳам омада, ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил шуд.

Ҳамзамон иштирокчиёни дигар дар бораи ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат дар эҳёи он ибрози андеша намуда, аз ашъори бузургони сухан  шеърҳо қироат карданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июнь 25, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд