НАЗАРИ КОРШИНОС. Истифода аз манбаъҳои барқароршаванда барои сохтмони сардхонаҳо роҳи асосии пешгирии талафоти маҳсулоти кишоварзӣ аст

Июнь 4, 2024 15:59

ДУШАНБЕ, 04.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи омор, на камтар аз 17 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ ҳар сол ба бозор нарасида, талаф меёбад. Аз ин хотир барои нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ сохтмони сардхонаҳо зарур мебошад. Дар ин самт мушкилоти ҷойдошта бо истифода аз неруи барқароршаванда метавонад ҳал гардад. Ҳар сардхона метавонад бе неруи барқ ва тавассути панелҳои офтобӣ аз манбаъҳои барқароршаванда дар фасли тобистон кор карда, маҳсулоти заруриро нигоҳ дорад. Дар ин маврид арзиши аслӣ на он қадар баланд гардида, самаранокии сардхонаҳо зиёд мегардад. Чунин изҳори назар намудааст дар мақолаи худ сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷони Сайдулло.

— Масъалаи коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, рушди неруи барқароршаванда ва табдил гардидан ба «мамлакати сабз» аз масъалаҳое мебошад, ки ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор намуданд, ки «бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд».

Сарвари давлат барои таъмини кори муътадили соҳаи кишоварзӣ, самаранокии он, баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин ва дигар захираю имконияти зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноат, ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба мамлакат, истеҳсоли ҳарчи бештари неруи барқароршаванда пайваста ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, ба фаъолони ҷомеа вохӯриҳои судманд доир менамоянд.

24-25 майи имсол вохӯрии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо сокинон баргузор гардид. Зимни вохӯриҳо Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «шиддат гирифтани вазъияти буҳронӣ дар ҷаҳони муосир, аз ҷумла даргириҳои мухталифи минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодию тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла хушксолии давомдор моро водор месозад, ки тамоми захираҳои мавҷударо ба таври муассир истифода барем, то иқтисоди Тоҷикистон тобовар гардида, амнияти иқтисодӣ ва амнияти озуқавории кишварамонро аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳифз намоем».

Ҳамзамон Пешвои милат дар мулоқотҳо бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иброз намуданд, ки дар чор моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 5 миллиарду 158 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 дарсад зиёд мебошад. Тибқи маълумот, моҳҳои январ-апрели соли 2024 кишоварзони вилояти Хатлон ба маблағи 2 миллиарду 350 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 қариб 8 дарсад зиёд мебошад.

«Албатта, ин пешравиҳо хурсандиовар мебошанд, аммо бо назардошти ҳадафҳои стратегӣ ва имконияти минтақа он ҳоло ҳам моро қонеъ гардонида наметавонад. Дар чор моҳи имсол ҳаҷми истеҳсоли зироат дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар Норак — 56 дарсад, Темурмалик — 29, Данғара — 11, Кӯшониён — 9, Панҷ — 6 дарсад, маҳсулоти чорво кам шудааст. Дар ноҳияи Ёвон он бештар аз 7 дарсадро ташкил мекунад»,-иброз намуданд Президенти Тоҷикистон.

Бо назардошти пешравиҳои назаррас дар ин самт ҳоло ҳам мушкилот дида мешаванд, аз ҷумла:

-дар вилоят барои партовгоҳ миқдори зиёди замин мавҷуд буда, майдони онҳо 16 ҳазор гектар, аз ҷумла заминҳои обӣ — бештар аз 14 ҳазор гектарро ташкил медиҳад;

-дар ин шароит 18 стансияи насосӣ кор намекунад, ки ин боиси хушк шудани зиёда аз 5 ҳазор гектар замин гардид;

-соли 2023 дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сабаби ғайриқаноатбахш будани корҳои иқтисодӣ қариб 900 гектар замини корами обӣ аз истифодаи кишоварзӣ мондааст.

Таъкидҳои Сарвари давлат бештар ба он рабт доштанд, ки истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ беҳтар карда шавад. Ҳамзамон Сарвари давлат иброз намуданд, ки то 17 май дар вилоят қариб 200 ҳазор гектар ё дар 97 дарсади заминҳои пешбинишуда кишти баҳорӣ анҷом дода шуда бошад ҳам, иҷрои дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 80 дарсад, зироати полезӣ 93 дарсад ва зироати хӯроки чорво 87 дарсадро ташкил медиҳад

Аз ҷумла, кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон: дар Муъминобод – ҳамагӣ 16 дарсад, Шамсиддини Шоҳин – 25, Ховалинг – 38, Бохтар – 49 ва Балҷувон – 66 дарсадро ташкил дод. Иҷрои дурнамои кишти картошка дар Роғун ҳамагӣ – 5 дарсад, Варзоб – 8, Файзобод – 21, Рашт – 30, Тоҷикобод – 33, Лахш – 58, Нуробод – 45, Сангвор – 55, Ҳисор – 59 ва Рӯдакӣ – 70 дарсадро ташкил додааст.

Илова бар ин дурнамои кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳо пурра таъмин нашудааст: Масалан, дар ноҳияи Ваҳдат – ҳамагӣ 17 дарсад, Рӯдакӣ – 57 дарсад, Шаҳринав – 60 дарсад ва Ҳисор – 71 дарсад, ки ин нишондиҳандаҳо боиси нигаронии ҷиддӣ мебошанд.

Мушкилоти дигари соҳа- ин вазъияти истеҳсоли гӯшти паранда дар ҷумҳурӣ мебошад, ки таассуфовар аст. Истеҳсоли гӯшти паранда дар мамлакат дар моҳҳои январ-апрели соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  24 дарсад кам шуда, ҳамагӣ 12,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон истеҳсоли гӯшти паранда 2,8 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  1,2 ҳазор тонна ё 31 дарсад кам шудааст.

Якчанд корхонаҳои мурғпарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ истеҳсоли тухмро кам кардаанд. Аз ҷумла, истеҳсоли гӯшти паранда дар ноҳияи Ёвон аз ҳисоби корхонаҳои мурғпарварии «Беҳамто» 927 тонна, ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «Мурғи Обӣ» 59 тонна ва «Муҳаммад Амин» 23 тонна ва дар ноҳияи Вахш 68 тонна кам истеҳсол шудааст. Дар шаҳри Кӯлоб  дар ин сол 31 тонна, ноҳияи Кушониён 66 тонна тухм истеҳсол шудааст. Дар ноҳияи Панҷ 1 миллиону 900 ҳазор дона, дар шаҳри Сарбанд 118 ҳазор дона ва дар ноҳияи Ёвон 132 ҳазор дона кам шудани истеҳсоли тухм ба назар мерасад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тамоми супоришҳои қаблан додашуда ва тамоми камбудиҳои мавҷуда дар ин самт дар сатҳи зарурӣ оҷилан бояд бартараф карда шаванд.

Хатлон яке аз вилоятҳои сераҳолитарини ҷумҳурӣ буда, дар ҳолати самаранок истифода бурдани иқтидор метавонад 70 дарсади соҳаи озуқавории мамлакатро таъмин намояд. Ин тавассути интенсивӣ ва инноватсионӣ афзоиш додани сатҳи ҳосилнокии зироати кишоварзӣ мебошад.

Яке аз роҳҳои асосии беҳтар гардидани сатҳи ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ дар ин вилоят обмонии қатрагӣ мебошад. Барои беҳтар гардидани ин ҳолат зарур аст, ки истеҳсоли воситаҳои обмонии қатрагиро дар ин вилоят, махсусан дар ноҳияи Данғара боз ҳам афзоиш диҳем.

Дар ноҳияи Данғара минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд буда,  воситаҳои обмонии қатрагиеро, ки дар соҳаи кишоварзӣ мавҷуданд, истеҳсолоти онро ба таври кофӣ ба роҳ монда метавонад. Маҳсулоти хоми онро аз партовҳои пластикии вилоят ё шаҳру ноҳияҳои он ба роҳ мондан самарабахш мебошад. Дар вилояти Хатлон ҳазорҳо тонна партовҳои пластикӣ мавҷуд мебошанд, ки ин яке аз мушкилоти авалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва ба роҳ мондани коркарди аввалиндараҷаи он (махсусан, истеҳсоли воситаҳои обмонии қатрагӣ) метавон се мушкилотро бартараф намуд: афзоиш додани воситаҳои обмонии қатрагӣ, бартараф кардани мушкилоти партовҳо ва коҳиш додани майдонҳо барои партов.

Албатта, ҳар чӣ қадар зарфияти мавҷудаи ноҳияро ба таври зарурӣ истифода намоем, тамоми мушкилоти ҷойдошта бартараф карда мешавад. Бо назардошти он ки иқлими ноҳияи Данғара нисбатан гарм мебошад, нигоҳдории маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мушкил мебошад.

Сарвари давлат  ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон иброз намуданд, ки «барои таъмини фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо молҳои зарурӣ, ба қадри кифоя истеҳсол кардани он, роҳ надодан ба баланд шудани нархҳои беасос, ба роҳ мондани кори бефосилаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ  роҳбарону масъулон бояд муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намояд».

Бо истифодаи чунин мақсадҳои нек Пешвои миллат дар доираи фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар қисмати ғарбии Минтақаи озоди иқтисодии Данғара баҳри бунёди корхонаи азими истеҳсоли таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ 22 гектар замин ҷудо намуданд, ки марҳилаи аввали корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа моҳи июли имсол ба роҳ монда мешавад. Фаъолияти ширкат ба бунёди корхонаи азими истеҳсоли таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ нигаронида шудааст, ки ҳаҷми сармоягузорӣ дар чор марҳила 2 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад.

Зимни муаррифии ин лоиҳаи муосири корхонаи саноатӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи аввалини корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа моҳи марти соли 2025 ба анҷом расида, дар натиҷа таҷҳизот барои панелҳои офтобӣ бо иқтидори 5 ҳазор мегаватт истеҳсол карда мешавад.

Ҳамин тавр, ташкили истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар ин корхона барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» тавассути бунёди неругоҳҳои барқӣ бо истифода аз манобеи барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ҷорӣ намудани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз» заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ин раванд имкон медиҳад, ки истифодаи неруи Офтоб, махсусан дар фасли тобистон самаранокии бештар медиҳад. Чунин иқтидоре, ки аз панелҳои офтобӣ мегирем, имконият дорад, ки аз 500 ҳазор то ба 1 миллион хоҷагиро бо неруи барқ таъмин намояд. Ҳамзамон он имконияти таъмини ҳазорҳо сардхонаро бо неруи барқароршаванда дорад. Аз ин лиҳоз, барои боз ҳам самаранок ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти босубот иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 4, 2024 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад