Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Июнь 22, 2024 09:00

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 Қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) маросим — маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавӣ, ки муносибати шахс ва гурўҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд;

2) ҷашн — таҷлили рўйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ба шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо, татбиқ мегардад.
  2. Намояндагони миллату халқиятҳо ва дину мазҳабҳои дигар ҷашну маросими худро дар асоси расму оинҳои худ метавонанд гузаронанд. Онҳо ҷашну маросими дар Қонуни мазкур пешбинишударо бо риояи муқаррароти ҳамин Қонун мегузаронанд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи танзими ҷашну маросим

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ 2.

САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ОИД БА ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим

  1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим мансубанд:

1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;

2) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;

3) тасдиқи низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим;

4) тасдиқи низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим;

5) тасдиқи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра;

6) қабули қарор дар бораи дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани санаи таъсиси корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатии дигар, ҳамчунин зодрўз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд;

7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ­вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад чораҳои маҳдудкунандаро оид ба гузарондани ҷашну маросим муқаррар намояд.

Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим мансубанд:

1) амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;

2) таҳияи лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим;

3) тасдиқи тартиби гузарондани маросими дафну азодорӣ;

4) ташкили сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра;

5) шарҳу тавзеҳ додани масъалаҳо оид ба танзими ҷашну маросим;

6) назорати иҷрои талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷашну маросим;

7) андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;

8) додани тавсияҳо ҷиҳати дуруст амалӣ кардани корҳои хайриявӣ ва эҳсонкорӣ;

9) андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани хурофоту таассуб;

10) андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим;

11) андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ;

12) таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ;

13) таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим;

14) дархости маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият;

15) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худ­идоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим

Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим мансубанд:

1) иштирок дар амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;

2) андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;

3) таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ;

4) иштирок дар таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим;

5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим

  1. Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар наз­ди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода мешаванд.
  2. Ба ваколатҳои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим мансубанд:

1) иштирок дар амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;

2) шарҳу тавзеҳ додани масъалаҳо оид ба танзими ҷашну маросим;

3) ба ҳисоб гирифтани тўйи домодию арўсӣ ва маросими азодорӣ дар асоси муроҷиатҳои хаттӣ ва электронии шахсони воқеӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт;

4) андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;

5) расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо ва шахсони ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросим;

6) додани тавсияҳо ҷиҳати дуруст сафарбар кардани корҳои хайриявӣ ва эҳсонкорӣ;

7) андешидани чораҳо ҷиҳати аз байн бурдани хурофоту таассуб;

8) додани тавсияҳо ҷиҳати пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим;

9) андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ;

10) таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ;

11) иштирок дар таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим;

12) дархости маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим аз иттиҳодияҳои ­ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият;

13) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, ки дар асоси низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таҳия шудааст, аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ карда мешавад.
  2. Аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, ҳуқуқ надоранд ба рафти гузарондани ҷашну маросим монеъ гарданд.

Моддаи 8. Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим

  1. Дар вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода мешаванд.
  2. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки дар асоси низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим таҳия ва аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад.
  3. Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт чораҳои зарурӣ меандешанд.
  4. Дар сурати риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар муҳлати то се рўз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар ин бора хабар медиҳанд.

 

БОБИ 3.

ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ

Моддаи 9. Ҷашнҳои расмӣ

  1. Ҷашни Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмилалии Наврўз, Иди Меҳргон, Иди Сада, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
  2. Дар рўзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст.

Моддаи 10. Зодрўз

Ҷашни зодрўз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронда мешавад.

Моддаи 11. Хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кўдак

  1. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мўйсаргирони тифл ва маъракаҳои дигари вобаста ба таваллуди кўдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд.
  2. Маросими хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронда мешавад.
  3. Хатна бо розигии падару модар дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронда мешавад.
  4. Гузарондани маъракаи ақиқа манъ аст.

Моддаи 12. Тўйи домодию арўсӣ

  1. Тўйи домодию арўсӣ бо гузарондани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рўз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тўй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронда мешавад.
  2. Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тўй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рўйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арўс ва маъракаҳои дигари бо тўйи домодию арўсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арўс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд.
  3. Маросими домодталбон ва арўсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронда мешаванд.
  4. Падару модари домоду арўс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафҳо метавонанд ба ҷойи додани зиёфат ё оши тўй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон ё барои корҳои хайриявию эҳсонконӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо, сарф намоянд.
  5. Гусели арўсу домод бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронда мешавад.
  6. Маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари дахлдор амалӣ карда мешавад.

Моддаи 13. Маросими ҳаҷ ва умра

  1. Маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронда мешаванд.
  2. Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кўчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст.
  3. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои дар қисми 2 моддаи мазкур манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.

Моддаи 14. Маросими дафну азодорӣ

  1. Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.
  2. Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронда мешаванд.
  3. Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин додани пули нақд ва ашёи дигар, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашўй, манъ мебошанд.

Моддаи 15. Ҷойи баргузории ҷашну маросим

  1. Ҷашну маросим дар майдончаҳо (ҳавлиҳо)-и назди биноҳои истиқоматӣ, дохили манзили истиқоматӣ, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ё тўйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронда мешаванд.
  2. Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад.

Моддаи 16. Вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим

  1. Тўю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рўзҳои истироҳатӣ аз соати 8 то соати 22 ва дар рўзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рўзҳои истироҳатӣ аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рўзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронда мешаванд.
  2. Давомнокии тўю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад.

БОБИ 4.

ТАРТИБИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМ

Моддаи 17. Тартиби хизматрасонӣ дар ҷашну маросим

  1. Хизматрасонии ҳунармандон дар тўю маъракаҳо дар асоси шартномаи хаттии тарафҳо бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Маъмурияти тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тўйхонаҳо уҳдадоранд хизматрасонии тўю маъракаҳоро дар асоси шартномаи хаттии тарафҳо ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тўю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.

БОБИ 5.

УҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ,
ИНЧУНИН ҶАЛБИ АҲЛИ ҶОМЕА ҲАНГОМИ
ГУЗАРОНДАНИ ҶАШНУ МАРОСИМ

 Моддаи 18. Уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани ҷашну маросим

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросимро доир ба барпосозии тўйи домодию арўсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.
  2. Оростани зиёфат ба муносибати таъин шудан ба мансаби давлатӣ, гирифтани мукофоти давлатӣ, рутба, унвон, ҷоиза, мукофоти дигар, дараҷа ва унвонҳои илмию тахассусӣ манъ аст.
  3. Дар ҷашну маърака пошидан ва часпондани пул манъ аст.
  4. Сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи Қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳалли истиқомат ва ё фаъолият масъулият доранд.
  5. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пўшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурўш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пўшидани чунин либосҳо манъ мебошанд.

Моддаи 19. Ҷалби аҳли ҷомеа ҳангоми гузаронидани тўю маъракаҳо

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омўзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур, аз ҷумла пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар дар ин самт, ҷалб намоянд.

БОБИ 6.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  2. Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз ва гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, хизматчиёни давлатӣ, шахсони мансабдори дигари давлатӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ё фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Моддаи 21. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; с. 2017, №5, қ.1, мод. 285, №7- 9, мод. 580; с.2021, №6, мод.392) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2048

Июнь 22, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид