ЗАНОН-НЕРУИ СОЗАНДА, ТАРБИЯТГАР ВА ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Занон-неруи созанда, тарбиятгар ва таҳкимбахши ваҳдати миллӣ»-таҳти чунин унвон 12 июн дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд, иштирокдорон иброз доштанд, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гардид. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии ҷумҳурӣ, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Миллат дар ҳар марҳилаи таърихӣ ва таҳаввул вобаста ба муҳиту шароит ва мушкилоти дохиливу хориҷӣ бо вазъияти хосе дучор мешавад, ки бояд аз он ба хотири рушду пешрафт ва ҳифзи мақом ва бақои хеш роҳи раҳоиро дарёфт кунад.
Гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармо бошад, он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёт, фарҳанг ва сиёсаташ пеш меравад.
Ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии тоҷикон яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдории миллӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ва воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид






