14 километр роҳи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода мумфарш мегардад
ТУРСУНЗОДА, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл асфалтпӯшкунии 14 километр роҳ, аз даромади шоҳроҳ ба шаҳри Турсунзода то деҳаи Янгибоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов оғоз гардид. Ин иқдом дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, саҳми соҳибкорони бонангу номуси диёр ва сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов амалӣ гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба саҳмгузорон ин амали нек изҳори сипос намуда, аз афзоиши чунин тадбирҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр ёдовар шуд.
Дар тахту ҳамворкунии роҳ ва мумфаршкунии он кормандони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои шаҳри Турсунзода шабонарӯзӣ заҳмат кашида, 5 техника сафарбар гардидааст.
Бояд гуфт, ки соли равон дар шаҳри Турсунзода мумфаршкунии зиёда аз 80 км роҳҳои маҳаллӣ ва аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 7 километр роҳи маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Навобод, беш аз 5 километр дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Работ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Бо амалӣ гардидани иқдоми навбатӣ дар самти асфалтпӯшкунии 14 километр роҳи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмон масофаи умумии роҳҳои дар соли равон асфалтпӯшгардида зиёда аз 26 километрро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Роҳҳои ҳудуди деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ ба масофаи 15 километр мумфарш карда мешавад
Дар доираи корҳои ободонӣ мумфаршкунии роҳҳои маркази шаҳри Турсунзода идома дорад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе — Шарора — Ҳисор пурра мумфарш карда мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат навсозӣ карда мешавад
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад






