Дар минтақаи Искандаркӯл давраи омӯзишии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» -2024» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Искандаркӯл давоми се рӯз давраи омӯзишии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» -2024» баргузор гардид, ки дар он аъзоёни ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимии 11 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва 2 шаҳри Узбекистон иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзхи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Давраи омӯзишӣ бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят ва дар доираи лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об ташкил карда шуд.
Барои иштирокдорон мавзеъҳои шаршара ва моркӯл, ки дар атрофи Искандаркӯл воқеанд сайёҳат, дарсҳои амалӣ оид ба маҳорати сохтани хаймаҳо ва рафтори дурусти сайёҳӣ ташкил карда шуда, ҳамчунин ҷавонон бо сохтани тарҳи ҳавзаи дарёи Сир, ки онҳоро муттаҳид мекард, машғул шуданд. Дар баробари ин, аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз» дониши экологии худро доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар бозии зеҳнии «Чӣ? Дар куҷо? Кай?» нишон дода, инчунин дарсҳои иттилоотӣ ва амалӣ аз ҷониби намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» гузаронида шуд.
Давраи омӯзишии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» -2024» дар доираи «Форуми дуюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир», ки дар аввали фасли тирамоҳ бо иштироки боз ҳам бештари аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз» доир мегардад, гузаронида шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзхи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд






