МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад

Июль 16, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар соҳаи парвариши ҳайвонот аз ҷиҳати даромаднокӣ моҳипарварӣ дар ҷойи аввал меистад. Кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ гулмоҳӣ хеле машҳур буда, гӯшти он нисбат ба дигар намуди моҳиҳо лазиз мебошад. Парвариши онро ҳамчун қафасӣ ба роҳ мондан мумкин аст. Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои кӯҳсор, тармаву пиряхҳо ва рӯдҳои шӯхи сардоб имкон дорад, ки аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти гулмоҳӣ дар ҷаҳон дар ҷойи намоён қарор дошта бошад. Чунин назар доранд коршиносони соҳа дар масъалаи рушди моҳипарварӣ дар Тоҷикистон. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки гулмоҳии амударёии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии «Slow Food», ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Турини Италия доир гардид, бо «Сипоснома»-и ширкати байналмилалии «Slow Food»» сазовор гашт. Моҳии амударёӣ бо лаззату тамъи худ ҳамто надошта, қаблан низ сазовори «Ситораи тиллоӣ» дар шаҳри Женева гардида буд.

Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ дар Тоҷикистон пешсаф гардад

Бадахшон дорои кӯлҳои зиёде мебошад, ки метавон дар онҳо моҳипарвариро ривоҷу равнақ бахшид. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони гидрологӣ, дар Бадахшон зиёда аз 1500 ҳавзу обанбори гуногуни табиӣ вуҷуд дошта, дар баъзе обанборҳо захираи кофии моҳӣ мавҷуд аст. Калонтарин ҳавзҳои дорои захираҳои моҳии молӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инҳо обанборҳои Булункӯл, Яшилкӯл, Зоркӯл, Чаканкӯл, силсилакӯлҳои Друмқӯл, Трумтайқӯл мебошанд. Соли гузашта дар ноҳияи Дарвоз парвариши гулмоҳӣ- яке аз моҳиҳои гаронарзиш, зебову нодир ва барои саломатии инсон муфид ба роҳ монда шуд.

Сокини деҳаи Хумбиварии Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз Шуҳрат Беков дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ се ҳавзи сунъии моҳипарварӣ бунёд намуда, нахустин маротиба парвариши гулмоҳиро ба роҳ монд.

Ҳарчанд номбурда дар ин соҳа таҷрибаи кофӣ надошт, аммо сарфи назар аз он ба парвариши яке аз моҳиҳои нодир машғул гашт. Азбаски хонааш дар болооби рӯдхонаи Хумбов ҷойгир аст ва оби тозаву мусаффо дорад, вай қарор дод, ки ба парвариши гулмоҳӣ шуғл варзад.

Дар як-ду соли аввал комёб нашуд. Моҳиҳо талаф ёфтанд, аммо ӯ руҳафтода нашуд. Ба деҳаи Ромити ноҳияи Ваҳдат рафт ва чанд муддат аз моҳидорони ин деҳа тарзи парвариши ин намуди моҳиро омӯхта, боз аз сари нав ба ҳавзҳояш гулмоҳӣ партофт. Омӯзиш ва таҷрибаи моҳипарварони деҳаи Ромити ноҳияи Ваҳдат дар фаъолияти минбаъдааш кумак намуд. Ҳоло шумораи гулмоҳӣ дар се ҳавз то ба ҳафт-ҳашт ҳазор расидааст. Ғизоро барои моҳӣ аз шаҳри Душанбе харид менамояд. Нархи як кило моҳӣ 25 сомонӣ аст. Албатта, ин нарх каме гарон аст ва барои ҳамин ҳанӯз аз ин соҳа даромади дилхоҳ ба даст намеорад. Аммо ба оянда назари нек дорад ва мехоҳад, ки бозори фурӯши яке аз намудҳои беҳтарини моҳиро дар вилоят васеъ намояд. Зеро гулмоҳӣ аз ҷиҳати ғизонокӣ дар байни намудҳои дигари моҳӣ дар ҷои аввал меистад ва талабот ба он дар бозори дохилӣ хеле зиёд аст.

Айни замон бо дастури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки ба омӯзиши ҳавзҳои навбунёди моҳипарварӣ машғул аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади рушди ин соҳа тасмим гирифтааст, ки ҳавзҳои нави моҳипарвариро ба кор андозанд.

Табиати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои парвариши гулмоҳӣ созгор аст. Умед дорем, ки бо дастгирии шарикони рушд ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони ба парвариши моҳӣ машғулбуда, муқаррар намудааст, Бадахшон дар парвариши гулмоҳӣ, таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва содироти он дар мамлакат дар сафи пеш қарор мегирад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 16, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд