НАЗАРИ КОРШИНОС. Тоҷикистону Покистон имкон доранд ҳамкории судмандро дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ густариш бахшанд

Июль 3, 2024 10:45

ДУШАНБЕ, 03.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳо, ҳоло Покистон яке аз бузургтарин истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол менамояд. Ин мамлакат дар ҷаҳон вобаста ба истеҳсоли чунин маҳсулоти кишоварзӣ ҷойҳои зеринро ишғол менамояд: нахӯд-3, ғалла-7, шолӣ-11, зардолу-6, пахта-5, хурмо-5, найшакар-5, пиёз-7, мандарин-6 ва манго-4. Рақамҳои баёнгардида бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имкон доранд, ки ҳамкории мутақобилан судмандро дар баробари дигар бахшҳо дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ низ рушду густариш бахшанд. Дар ин росто тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавҷуд мебошанд. Чунин изҳор дошт сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин Одиназода дар мақолааш, ки дар ҳошияи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.Дар идомаи мақола чунин омадааст:

— Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ дар баробари дигар мамлакатҳо ба рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар ҳолати рушди бомаром қарор дорад таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ин мамлакатро ҳамчун шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Ҳоло заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 56 созишномаву шартнома дар бар мегирад, ки муҳимтарини он Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчун механизми ҳамгироии мутақобила ба ҳисоб меравад.

Покистон ҳамчун як мамлакати пешрафтаи аграрию агросаноатӣ дар баробари давлатҳои БРИКС, ба қатори 11 мамлакате пазируфта шудааст, ки дорои иқтидори бештаре барои табдил шудан ба яке аз бузургтарин мамлакати пешрафтаи иқтисодиёти ҷаҳон мебошад.

Дар рушди иқтисодиёти ин ҷумҳурӣ дар баробари дигар бахшҳо соҳаи саноат нақши муҳим дошта, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулот тақрибан 28 дарсадро ташкил медиҳад. Қисми зиёди истеҳсоли маҳсулоти саноатиро саноати нассоҷӣ дар бар гирифта, саҳми он дар ҳаҷми умумии содирот беш аз 15,4 миллиард долларр ё 56 дарсад арзёбӣ карда мешавад.

Дар баробари соҳаи саноат, ба рушди соҳаи кишоварзӣ низ дар ин мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Ҳоло Тоҷикистону Покистон талош ба он доранд, ки ҷиҳати таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, ки яке аз ҳадафҳои муҳимму муштараки ҳар ду ҷониб дониста мешавад тамоми механизм ва воситаҳои заруриро бо дарназардошти манфиатҳои миллии ду ҷониб васеъ истифода баранд.

Ҳоло барои ҳар ду мамлакат рушду минбаъдаи тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, доруворӣ, сайёҳӣ, энергетика, бахшҳои нақлиёт ва ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ, инчунин густариши робитаҳо байни соҳибкорон ва омӯзиши имконоти содироту воридотӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин росто, ҳар ду ҷониб дорои имкону захираҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда мебошанд.

Дар баробари ин, тақвияти савдои транзитӣ аз ҷумлаи самтҳои дигари ояндадори ҳамкориҳо дониста мешавад. Вобаста ба ин масъала дар доираи Созишномаи қаблан имзошуда дар «Дар бораи савдои транзитӣ» зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати пешбари логистикии мултимодалии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин замина, соли равон аввалин борҳои мустақими дуҷониба дар Тоҷикистон қабул карда шуд. Санади ба имзо расида ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту логистика, тиҷорати транзитӣ, рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва контейнерӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ҷиҳати таъмини бехатарӣ, сабукгардонии интиқоли бор, бунёди инфрасохтори логистикӣ ва хизматрасониҳои сарироҳӣ барои ҳар ду ҷониб мусоидати комил намуда, аз ҷумла ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки аз бандарҳои баҳрии Покистон дар Қарочӣ ва Гвадар барои содирот ва воридоти бор бо харҷи камтарин васеъ истифода намояд.

Иқдоми мазкур бори дигар баёнгари содиқ будани ҳарду давлат дар самти рушду густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии ояндадор мебошад.

Тибқи омори расмӣ, солҳои охир дар натиҷаи татбиқи босамари санаду созишномаҳои қаблан имзошуда, ҳаҷми гардиши мол байни ҳар ду давлат мунтазам тамоюл ба зиёдшавӣ дошта, соли 2023-юм беш аз 52,7 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба соли 2020-юм 2 баробар зиёд мебошад. Дар ин давра, яъне соли 2023 ҳиссаи содироти мол дар ҳаҷми умумии гардиши мол 7,2 дарсад ва воридот бошад 92,8 дарсадро ташкил намудааст.

Маҳсулоти растанипарварӣ, аз ҷумла ангур, гандум, орд, макарон, об, маҳсулоти намак, портландсемент, ангиштсанг, нахи пахта, калобаи пахтагин, матои пахтагӣ, маҳсулот аз санг аз ҷумлаи маҳсулоти содиротӣ ба Покистон ба ҳисоб мераванд.

Воридоти чорвои зинда ва маҳсулоти чорво, биринҷ, картошка, помидор, карам, бодиринг, меваҳои ситрусӣ, харбуза, тарбуз, сабзавот, чарбуи чорво ва равғани растанӣ, маҳсулоти тайёри хӯрока, битум, асфалт, лой, консентрати алюминий, маҳсулоти саноати кимиёвӣ мармар, доруворӣ, нуриҳои маъданӣ, собун, пластмасса ва маҳсулот аз он, чӯб ва маҳсулоти чӯбӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ришта, матои синтетикӣ, рӯймол, пойафзол, филизоти арзон ва маҳсулот аз он, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ, бахусус, насос, таҷҳизоти коркарди резин, асбоб ва дастгоҳҳои оптикӣ ҳамчун маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон дониста мешаванд. Аммо, ин нишондиҳанда, яъне сатҳи гардиши молу маҳсулот бо дарназардошти имконияту захираҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда барои ҳар ду ҷониб қонеъкунанда нест. Лозим ба таъкид аст, ки ҳанӯз соли 2018 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони ҳар ду мамлакат ба мувофиқа расида буданд, ки ҳаҷми гардиши мол, бахусус дар заминаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва Шурои муштараки соҳибкорон то ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонида шавад. Чуноне, ки болотар иброз намудем, ҳоло ҷиҳати ноил гардидан ба чунин нишондиҳанда, ҳар ду мамлакат дорои зарфияту имкониятҳои фарох мебошанд.

Баъзе аз имкониятҳои васеи ҷойдошта дар ин самт чун омили бо суръати афзоиш додани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот чунин хулоса намудан мумкин аст:

— Дар заминаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири покистонӣ таъсиси корхонаю ширкатҳои муштарак, аз ҷумла дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, коркарди нахи пахта, пашму пӯст то ҳадди ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, инчунин коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон.

— Муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноку ояндадор, инчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти ҷалби сармояи доираҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба иқтисодиёти ҳар ду ҷумҳурӣ.

— Мунтазам ташкилу баргузор намудани намоиши молу маҳсулоти дар ҳар ду мамлакат истеҳсолгардида, инчунин форумҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ва истифода намудани таҷрибаи ғании ҷониби Покистон вобаста ба коркарди ниҳоии маҳсулоти кишварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва саноати сабук.

— Омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани таҷриббаи ғании Покистон, бахусус дар самтҳои истеҳсоли либоса, саноати бофандагию дӯзандагӣ, техникаю таҷҳизоти маишӣ (оинаи нилгун, телефонҳои мобилӣ, яхдон, мошинаҳои ҷомашӯи ва техникаи компютерӣ), таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, коркарди чарм. Қобили қайд аст, ки ҳоло саноати чарм дувумин бахши содиротӣ дар ин мамлакат ба ҳисоб рафта, аз ин ҳисоб ҳамасола дар ҳаҷми беш аз 900 миллион доллар маҳсулот содирот мегардад.

— Тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти роҳу нақлиёт, бахусус роҳи иртиботии мошингард Хунҷраб-Каласу то Мурғоби Тоҷикистон, инчунин роҳи Читрол-Ишкошим-Душанбе. Тадбиқи чунин лоиҳаҳо дар баробари Тоҷикистон ба Покистон имкон фароҳам меорад, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваст шавад.

— Боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои кории муштараки қаблан бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо, бахусус соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика густариш ёфта, илова бар ин, тақвият бахшидани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарурӣ ва муҳим аст.

Ҳамин тавр, истифодаи босамари чунин имконоту захираҳои мавҷуда натанҳо ба афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ боис гашта, балки замина фароҳам меорад, ки ҳамкории судманди ҳар ду ҷумҳурии бо ҳам дусту бародар ба сатҳи шарики муҳими стратегӣ бароварда шавад.

Дар ин самт, сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Тоҷикистон, ки дар доираи он бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун имзо шуд, ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, бахусус дар заминаи фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, инчунин Шурои муштараки соҳибкорон мусоидат хоҳад кард.

Июль 3, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аъзои SOCEA гардид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозӣ ва рушди логистика байни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба мамлакати индустриалӣ — аграрӣ табдил дода мешавад. Эҳдо ба Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ
«Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон» маҳсулоти заргарии мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда баррасӣ гардид
Аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузории лоиҳаи CASP+ дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфт
Тоҷикистону Бангладеш гардиши савдоро байни ҳам бамаротиб зиёд мекунанд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Роҳбарияти шаҳри Ҳисор бо вазъи корҳои саҳро дар хоҷагиҳои кишоваразии Ҷамоати деҳоти Навобод шинос гардид
IRS: Нуқтаҳои вазнченкунӣ вайроншавии роҳро пешгирӣ мекунанд
Дар Панҷакент Форуми минтақавии саводнокии молиявӣ баргузор шуд