НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ беш аз ҳама ба коршиносони забондон эҳтиёҷ дорад

Июль 31, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама бештар ба мутахассисон ё коршиносоне ниёз дорад, ки онҳо забонҳои хориҷиро медонанд. Донистани забони гуфторӣ ва ҳамзамон навиштории забонҳои хориҷӣ яке аз талаботи асосии ба кор ҷалб намудани кормандон дар ин марказ ба шумор меравад. Дар ин хусус имрӯз Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Хайриддин Усмонзода баён дошт, ки донистани забонҳои хориҷӣ яке аз талаботи асосии озмуни ба кор ҷалбкунӣ дар ин марказ ба шумор меравад. «Мутаассифона, баъзе нафароне, ки ҳуҷҷат месупоранд, аз ҷиҳати донистани забони хориҷӣ, гуфтор ва навишт камбудиҳо доранд. Баҳри бартараф намудани ин камбудӣ мо бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамкорӣ дорем ва итминон дорам, ки мо аз ин донишгоҳ мутахассисони забондонро ба кор ҷалб менамоем»,-изҳор намуд Хайриддин Усмонзода.

Иброз гардид, ки яке аз иқдоме, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ дар солҳои охир меандешад, ин ҷалб кардани мутахассисони варзидаи дорои унвонҳои илмӣ, яъне собиқаи коршиносӣ аст. Ба иттилои директори марказ, агар соли 2022 онҳо ҳамагӣ 11 коршиноси соҳибунвон доштанд, имрӯз аллакай ин шумора ба беш аз 20 нафар расидааст.

Гуфта шуд, ки баъзе кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ барои тақвияти маҳорати таҳлилиашон дар марказҳои зеҳнӣ-таҳлии кишварҳои дигар низ таҷрибаомӯзӣ намуда, дониш меандӯзанд.

Иттилоъ дода шуд, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо аз авлавияти асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар айни замон муассиса бо 26 маркази тадқиқотӣ созишнома ба имзо расонидааст.

Марказ бо якчанд муассисаи таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳқиқотии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкории самарабахш дорад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст