Олимони кайҳоншиноси тоҷик дар Конгресси байналмилалии астраномҳо дар Фаронса иштирок карданд

Июль 4, 2024 17:29

ДУШАНБЕ,04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии астраномҳо, ки дар  Донишгоҳи Сорбони Парижи  Фаронса баргузор шуд, иштирок намуданд. Онҳо дар ин ҳамоиш фаъолияти таҳқиқотии хеш ва дастовардҳои омӯзиши кайҳонро дар Тоҷикистон муаррифӣ карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Институти астрофизика хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбари шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова ва ходими калони илмии шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизика Фирӯза Раҳматуллоева  дар доираи иштирок дар ин  чорабинӣ,  бо мақомоти дахлдор масъалаи тақвияти  ҳамкории судманди илмӣ бо расадхонаи астрономии Парижро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Астраномҳои тоҷик  дар Расадхонаи Париж  барои густариш бахшидани ҳамкории илмӣ ва ба роҳ даровардани мушоҳидаҳои объектҳои наздизаминӣ,  бо коршиносони пешбари Расадхонаи Париж профессорон — Ҷереми Вайбалон ва  Франсуас Колас вохӯриҳои илмӣ баргузор намуданд.

«Ба нақша гирифта шуд, ки соли оянда се адад таҷҳизоти замонавии фаронсавии FRIPON барои ба қайд гирифтани метеорҳо «ҷирмҳои хурди кайхонӣ, ки ба атмосфераи Замин ворид мешаванд» дар минтақаҳои Тоҷикистон васл хоҳад шуд, ки ин барои васеъ гардидани доираи таҳқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон хело муфид мебошад»-, иброз дошт Гулчеҳра Қоҳирова.

Бояд гуфт, ки дар шароити ҷаҳоншавӣ масъалаҳои сиёсӣ дар соҳаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Омӯзиши кайҳон бо мақсадҳои осоишта, ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътибори давлатро дар арсаи байналмиллалӣ низ баланд мебардорад.

Ёдовар мешавем, ки муассисаи Расадхонаи Париж маркази таҳқиқотии астрономии бузурги фаронсавӣ буда, дар соҳаи тахқиқоти амалӣ ва бунёдӣ дар ҷаҳон саҳми бузург дорад. Даъват шудани олимони астрофизикҳои тоҷик ба расадхонаи мазкур, аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи олимони тоҷик дар соҳаи астрофизика хеле назаррас аст.

АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 4, 2024 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд