ҶОМИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон омодагиҳоро ба ин мусобиқот оғоз кард

Июль 3, 2024 08:24

ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябри соли равон дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии  Узбекистон баргузор мешавад, оғоз намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи  мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ фаро гирифта мешавад, ки он то 17 июл идома меёбад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди ҷамъомад барои иштирок дар мусобиқа бо ширкати дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Беларус ва Гватемала ба Бухоро сафар мекунад.

Қобили тазаккур аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби  яккачини  Марокаш 16 сентябр, Португалия 19 сентябр ва Панама 22 сентябр рақобат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар

Июль 3, 2024 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид