ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Аз 1 август дар шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши либоси мактабӣ оғоз мешавад

Июль 26, 2024 13:27

ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 30 августи соли равон дар Маркази савдои «Нигини Хоруғ» намоиш-фурӯши либоси мактабӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.

Дар шаҳри Хоруғ корхонаи дӯзандагии «Баҳори ишқ» ба дӯхти либоси мактабӣ машғул аст. Корхона дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, ба роҳ мондааст. Дастурамал соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Аз моҳи январи соли 2018 инҷониб стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхона бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамояд.

Ба гуфти роҳбари корхонаи дӯзангии «Баҳори ишқ» Шамсия Седшоева, истеҳсоли либосҳои мактабӣ нисбат ба ҳамин давраи соли равон 20 маротиба зиёд ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин дар намоиш фурӯши либосҳои мактабӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сандал», ки ба истеҳсоли пойафзол машғул аст, пояфзоли истеҳсоли худиро пешниҳод менамояд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Июль 26, 2024 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид