«ПОМИРИНВЕСТ-2024». Таҳти ин унвон дар Хоруғ Форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми байналмилалии «Помиринвест-2024», ки 26 июли соли равон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, иштироки 300 нафар соҳибкорон, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, шарикони рушд, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва вазорату идораҳои мамлакат дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон аз созмондиҳандагони Форуми байналмилалии «Помиринвест-2024» мебошанд.
Ҳадафи форум ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкории корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ бо корхонаю ширкатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Форуми байналмилалии «Помиринвест-2024» дар ду панел –ҷалби сармояи ватанӣ, хориҷӣ ҷиҳати устувор намудани иқтисодиёти Бадахшон ва баланд бароштани саводнокӣ ва малакаи соҳибкорон дар бахши молия ва бонкдорӣ гузаронида мешавад.
Инчунин дар доираи форум дар шаҳри Хоруғ Форуми соҳибкории «G-5» гузаронида мешавад, ки дар он 5 соҳибкори муваффақи ватанӣ фаъолияти худро муаррифӣ менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






