Беш аз 1000 корманди соҳаи маориф дар ноҳияи Фирдавсӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваст
ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён»-и Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Конференсияи VIII ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Дар конференсия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён» оид ба фаъолияти кумита аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуда, иброз гардид, ки дар як соли охир 1038 нафар корманд ба сафи ҳизб пайвастанд. Инчунин дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён» интихоб шуд.
Дар конференсия гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун созмони боэтимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки ҷумҳурӣ аст.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба низоми давлати демократию дунявӣ, нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат, вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дар ин замина иштироки шаҳрвандон дар ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, пешгирӣ аз хурофот, соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷомеа ва нақшу мақом ва масъулияти аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин росто, инчунин вобаста ба мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ ибрози андеша намуд.


Дар конференсия фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён» дар давраи ҳисоботӣ назаррас арзёбӣ гардида, гуфта шуд, ки нақши аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум назаррас аст.
Дар фарҷом ба ҷавононе, ки бори аввал ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳоданомаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамзамон як зумра аъзои «Маорифчиён», ки дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавиии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳм гузоштанд, бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






