Соли равон дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ зиёда аз 560 ҳазор ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи якуми соли 2024 аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 561 ҳазору 120 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 23981,3 кг маҳсулоти гӯштӣ, 5632 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 997,9 литр равғани растанӣ, 15846 дона тухми паранда, 445 кг моҳӣ, 259 кг асал, 4277,8 кг маҳсулоти намакин, 3234 кг меваи хушк, 59606,9 кг меваю сабзавот ва 2704 кг маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян шуда, аз фурӯш манъ ва нобуд шудаанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод шуд.
Аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ 22 маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва 65 озмоишгоҳ дар бозорҳои истеъмолӣ мунтазам фаъолият намуда, бо лавозимот, таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ таъмин шудаанд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ дар 2 ҳолат барангезандаи бемории сиёҳрон, 17 ҳорӣ, 3 брадзоти гӯсфандон ва 2 нуқтаи пастерелёзи чорвои майда ба қайд гирифта шуда, нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф сари вақт чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






