Сомон Эйр дар соли равон тавассути хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ ва чартерӣ қариб ним миллион мусофир интиқол додааст
ДУШАНБЕ, 28.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар нимсолаи якуми соли равол парвозҳои мунтазам ва транзитиро асосан аз Тоҷикистон ба самтҳои Туркия, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Русия, Қазоқистон, Чин, Олмон, Узбекистон ва Ҳиндустон иҷро намуд, ки 60 фоизи интиқоли мусофиркашонӣ ба самти Русия рост меояд.Ширкат дар ин давра тавассути хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ ва чартерӣ 482 ҳазору 500 мусофир интиқол додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122 ҳазору 550 мусофир, ё 34,1 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев дар нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта шуд, ки ин омор тавассути хатсайрҳои дохилӣ 60 ҳазору 410 мусофирро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазору 400 нафар, ё 34,2 фоиз зиёд аст.
Инчунин дар ин давра ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 570 тонна бор 7,4 тонна почта интиқол додаааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,5 тонна, ё 9 фоиз зиёд мебошад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 муваффақона фаъолият дошта, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.
Тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ аз афзалиятҳои асосии ширкат буда, дар айни замон «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Узбекистон анҷом медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






