Тоҷикистону Узбекистон ҷиҳати бехатарии молу маҳсулот ва баҳодиҳии мутобиқат нақшаи корӣ таҳия намуданд

Июль 24, 2024 15:44

ДУШАНБЕ, 24.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии тадқиқотӣ-ташхисӣ ва назорати сифати Узбекистон» нақшаи кории амалигардонии фаъолияти рушди ҳамкории дуҷониба дар самти баҳодиҳии мутобиқат барои солҳои 2024-2025 ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.

Нақшаи мазкур аз ҷониби директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳҳобзода ва директори Муассисаи давлатии «Маркази милли тадқиқотӣ-ташхисӣ ва назорати сифати Узбекистон» Ҷавлон Каттахоҷаев имзо шуда, барои рушди озмоишгоҳҳо, таъмини бехатарии молу маҳсулот ва дар ин замина барои аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдои байни ду мамлакат, инчунин рушди содироти маҳсулот мусоидат мекунад.

Ёдовар бояд шуд, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон 17-18 августи соли 2018 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия ба имзо расонида шуд.

Агентии «Тоҷикстандарт» дар доираи Созишномаи мазкур ва Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил (МГС) ҳамкории судмандро дар самти стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат бо мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Узбекистон ба роҳ мондааст.

Бо мақсади омӯзиш ва табодули таҷриба мутахассисони соҳаи метрология ва менеҷменти сифат аз дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт» дар пажуҳишгоҳи стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ба машғулиятҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуда, пас аз хатми он соҳиби сертификат гардиданд. Инчунин мутахассисони раёсати метрологӣ ҷиҳати шиносоӣ аз фаъолияти озмоишгоҳи калибровкакунии вазн ва ҳарорати Агентии «Узстандарт» ба Ҷумҳурии Узбекистон сафарбар гардиданд.

Ҳамзамон як гурӯҳ мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи метрология аз Ҷумҳурии Узбекистон ба Агентии «Тоҷикстандарт» ташриф оварданд, ки донишу малака ва таҷрибаи худро бо мутахассисони агентӣ мубодила намуданд.

Бояд гуфт, ки масъалаҳо марбут ба соҳа дар доираи ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон доир ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ низ баррасӣ ва ҳалу фасл мегарданд.

Ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самти метрология ва дар ин замина татбиқи бандҳои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия намояндагони Институти миллии метрологии Узбекистон ба агентӣ ташриф оварда, ҷиҳати рушди ҳамкории муштарак дар самти метрология Харитаи роҳ таҳия ва ба имзо расонида шуд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Июль 24, 2024 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад