Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии сиркӣ Vll- Мамонтёнок-2024 иштирок намуданд

Июль 4, 2024 09:52

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии  сиркӣ Vll- Мамонтёнок-2024, ки аз 27 то 30 июн соли равон дар  Ҷумҳурии Саха (Якутия)-и Федератсияи Русия  баргузор гардид, иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Чор нафари онҳо бо ҷоизаи нуқрагин қадрдонӣ гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.

Ҳунармандони Сикри Тоҷикистон дар Фестивали байналхалқии сиркӣ Vll- Мамонтёнок-2024 бозиҳои  ҷолиби  сиркӣ (трюк), намоишҳои дақиқ ва зебоии ҳаракатҳоро нишон доданд.

Аз ҷониби аъзои ҳакамони фестивал Алмос Илёсов, Ануша Ҳусензода, Шаҳноза Ҷабборова ва Ёсуман Назарова бо ҷоизаи нуқрагин қадрдонӣ гардиданд.

Дар Фестивал аз 15 давлати дунё 50 нафар ҳунарманд, аз ҷумла аз Тоҷикистон, Қазоқистон,  Беларус, Чин, Ветнам, Муғулистон ва аз Федератсияи Русия — сиркбозони шаҳрҳои Москва, Перм, вилояти Курган, Бурятия, Якутия иштирок намуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 4, 2024 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд