1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз мегардад

Август 14, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 14.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз мегардад. Рӯзи дониш, яъне 1 сентябр, новобаста аз он ки ба рӯзи якшанбе — истироҳат рост меояд, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи дарсӣ эълон мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар соли хониши 2024-2025 тақрибан 260 ҳазор нафар нахустин маротиба қадам ба мактаб мемонанд, ки 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазорашро писарон ташкил медиҳанд.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 3991 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунад. Дар ин муассисаҳо 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки онҳоро 127 ҳазору 620 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 14, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд