5 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 09:00 доир мегардад.
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 11:00 доир мешавад.
Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор мегардад.
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ соати 08:00 ва дар Консерваторияи миллӣ соати 09:00 барпо мешаванд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст






