Ҳамкории Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ зимни мулоқоти директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо Роҳбари Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Саад Хон дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Оосрхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода доир ба фаъолияти гуногунҷабҳаи муассиса, аз ҷумла корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, экспозитсионӣ-намоишӣ, бостоншиносӣ, фондӣ ва баргузории машғулияти байналмилалии соҳавӣ маълумот дод.
Роҳбари Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир ба таърихи таъсис ва фаъолияти ин муассисаи фарҳангӣ ибрози назар намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ташкили машғулияти илмӣ-омӯзишӣ, баргузории намоишҳои гуногуни байналмилалӣ ва вохӯрии роҳбарони осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар фурсати барояшон муносиб изҳори назар намуданд.
Хамзамон Роҳбари Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Саад Хон толорҳои намоишии Осорхонаи миллиро тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги қадимии халқи тоҷик шинос гардид.
АКС:Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






