«АЗ ПИРЯХҲО ТО ХОҶАГИҲО». Лоиҳаҳои афзалиятнок бо назардошти тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Август 14, 2024 08:42

ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо муовини директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд хонум Сяохун Ян вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо атрофи Барномаи нави минтақавии Фонди иқлимии сабз «Аз пиряхҳо то хоҷагиҳо», раванди татбиқи «Стратегияи тағйирёбии иқлим барои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ», дастгирии лоиҳаҳои афзалиятнок бо назардошти тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон, таҳқиқоти арзёбии пиряхҳо, муайян намудани афзалияти иқлимӣ дар Стратегияи нави ҳамкории Бонки Осиёии Рушд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуда, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 14, 2024 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд