Ба 160 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи дониш ба 160 нафар ятими кулл ва ашхоси камбизоат аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Ин иқдом дар партави сиёсати раъиятпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, ки ба фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, гурӯҳи ниёзманди аҳолӣ, бахусус ятимону бепарасторон авлавият дошта, мавқеи хосро сазовор ҳастанд.
Инчунин барои 160 нафар ятими кулл ва шахсони камбизоат дастархони идона ороста шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






