Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба усулҳои ҳисобкунии захираҳои суғуртавӣ даври омӯзишӣ доир шуд

Август 28, 2024 10:38

ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти хазинадории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои кормандони ташкилоти суғуртавии мамлакат дар мавзуи «Методҳои ҳисобҳои актуарӣ барои ҳисобкунии захираҳои суғуртавӣ» машғулияти омӯзишӣ баргузор намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Машғулияти омӯзишӣ дар доираи кумаки техникӣ гузаронида шуд. Дар машғулияти омӯзишӣ, ки дар онҳо сармуҳосибон ва шахсони масъули ташкилоти суғуртавӣ иштирок доштанд, лоиҳаи шакли нави тавозуни муҳосибии ташкилоти суғуртавӣ муаррифӣ гардид. Баргузории машғулияти омӯзишӣ ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони ташкилоти суғуртавӣ мусоидат менамояд.

Ҳисобҳои актуарӣ яке аз унсурҳои асосии фаъолияти суғуртавӣ буда, тавассути ҳисобҳо ва таҳлилҳои оморӣ танзиму ҷобаҷогузории захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавӣ амалӣ мегардад.

Дар таҷрибаи низоми суғуртаи мамлакат истифодаи ҳисобҳои актуарӣ яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти соҳа арзёбӣ мегардад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ дар ин самт пайваста кор мебарад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Август 28, 2024 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд