Дар Британияи Кабир нахустнамоиши Осорхонаи миллӣ баргузор мешавад

Август 6, 2024 16:50

ДУШАНБЕ, 06.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 сентябри соли 2024 то 23 феврали соли 2025 дар осорхонаи Британияи Кабир дар доираи намоиши «Роҳи бузурги абрешим» ёдгориҳои Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин иқдом ба хотири арҷгузории мероси ниёгон ва муаррифии мероси гаронбаҳои таърихӣ, ки дар фонди тиллоии муассиса маҳфуз мебошад, амалӣ мегардад. Аз ҷумла, аз фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» экспонатҳои марбут ба фарҳанги буддоии асрҳои VII – VIII, ки аз ёдгориҳои Аҷинатеппа, Кофарниҳон, Вахш бозёфт гардидаанд, барои намоиш интихоб шуда, дар намоишгоҳ гузошта мешаванд. Дар 93 соли фаъолияти осорхонавии Тоҷикистон чунин намоиш маротибаи аввал дар Британияи Кабир баргузор мегардад.

Дар фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» навъҳои гуногуни осори бостоншиносӣ, мероси хаттӣ, сиккашиносӣ, санъати ороишӣ-амалӣ, тасвирӣ, муҷассамасозӣ, мардумшиносӣ, намудҳои гуногуни олами ҳайвонот ва набототи ин сарзамини бостонӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки тариқи баргузории намоишҳои гуногунмазмун аз фонди Осорхонаи миллӣ мероси гаронбаҳои тоҷикон ва ниёгони тоҷик то имрӯз дар осорхонаҳои Фаронса, ИМА, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия ва дигар давлатҳо муаррифӣ гаштаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки танҳо давоми шашмоҳаи якуми соли 2024 намояндагони 41 давлати дунё толорҳои намоишии Осорхонаи миллиро тамошо намудаанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Август 6, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд