Дар Душанбе Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад

Август 21, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 21 август дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Таҳкими ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон, ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду давлат аз ҳадафҳои асосии Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон арзёбӣ мегардад.

Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ду панел: «Сармоягузории мутақобила-роҳҳои нави ҳамкорӣ» ва «Инноватсия ва технологияҳои муосир-манбаи имконияти сармоягузорӣ» гузаронида мешавад. Доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории ду давлатро дар бахшҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ менамоянд.

Дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ гардида, ҳамзамон лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Интизор меравад, ки дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар қолаби «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳарду давлат баргузор шаванд.

Инчунин аз рӯйи натиҷаи вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 21, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад