Дар Хуҷанд консерти устодони санъати шаҳри Шимкент баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон 22 август дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони фарҳанг ва санъати шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи калони консертӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иброз дошт, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон идомаи сиёсати хирадмандонаи Сарони ду давлат буда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши равобити дӯстонаи халқҳои бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат мекунад.
Ҳамчун рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ба меҳмонон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. Туҳфа ба сардори Раёсати фарҳанг, рушди забонҳо ва бойгонии шаҳри Шимкент Боарҷон Арантаев супорида шуд.
Сипас барномаи бошукуҳи консертӣ иборат аз сурудҳои миллӣ, рақсҳои ҷаззоб ва оҳангҳои оркестри асбобҳои халқӣ дар иҷрои сарояндагони қазоқистонӣ намоиш дода шуд. Ҳунармандони қазоқ инчунин сурудҳо ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иҷро карданд, ки рамзи дӯстии мардумони ду давлатро ифода менамуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






