Дар Истаравшан 38 синфхонаи иловагӣ бо фарогирии 2160 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад
ИСТАРАВШАН, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру деҳоти шаҳри Истаравшан 38 синфхонаи иловагӣ бо фарогирии 2160 ҷойи нишаст, ки аксаран дар деҳаҳои дурдаст ҷойгир мебошанд, дар соли нави таҳсил ва дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Айни замон як бинои иловагӣ бо 10 синфхона дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22-и деҳаи Куҳандиж, як бинои иловагӣ бо 6 синфхона дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55-и деҳаи Ниҷонӣ, як бинои иловагӣ бо 4 синфхона дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 63-и деҳаи Қалъаи Баланд ва як бинои иловагӣ бо 4 синфхона дар назди гимназияи № 3-и деҳаи Қалъачаи Бакавул барои ба истифода додан омода карда шудаанд.
Ҳамзамон дар назди Муассисаҳои таълимии № 1 ду синфхона, №38 панҷ синфхона ва ошхона, № 55 се синфхона ва № 15 чор синфхона барои соли нави таҳсил омода карда шудааст.
Дар назди Литсейи № 1 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 58 толорҳои варзишӣ бунёд гардидаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






