Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Касбомӯз» таъсис дода шуд

Август 26, 2024 17:53

ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Касбомӯз» таъсис дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод хабар доданд, зимни ҷаласа Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо мақсади хизмати содиқона ба халқу Ватан ва ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфт. Ӣн ҳизб маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстию худшиносӣ дар дили ҳар шаҳрванди мамлакат маҳбубият пайдо намуд, ки имсол аз таъсиси он 30 сол сипарӣ мегардад.

Вақте ба фаъолияти созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар меандозем, маълумамон мегардад, ки зарурати таъсиси он маҳз ҳифзи якпорчагии Ватан, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва дар маҷмуъ амалӣ сохтани ормонҳои миллии ҳар фарди тоҷик мебошад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон принсипҳои демократӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявӣ доштани давлатро асоси кор қарор дода, ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизми сиёсӣ, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилона, нашъамандӣ, маҳалгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мубориза мебарад.  Ин кор бояд ҳамеша вазифаи ҷонии ҳар узви ҳизб дониста шавад.

Дар ҷаласа бо дастгирӣ ва ҷонибдории аъзои ҳизб Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Касбомӯз» интихоб шуда, муовини раис ва котиб аз ҳисоби кормандон таъйин гардид.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 26, 2024 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд