Дар Москва дар мавзуи «Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария» ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи буҷетии давлатии шаҳри Москва «Хонаи миллатҳои Москва» ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи «Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш намояндагони миллатҳои гуногун аз Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Қирғизистон, Арманистон, мақомоти дахлдори Русия, коршиносон, алоқамандони осори илмию адабии Ибни Сино, олимону муҳаққиқон, ординаторон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, кормандони соҳаи тиб ва тоҷикони муқими Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиб ва муаррифии чеҳраҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷикро, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба идеологияи ваҳдати миллӣ ва худшиносии тоҷикон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, хеле муҳим ва зарур арзёбӣ намуданд. Гузашта аз ин, ба хотири гиромидошти ин шахсияти бузург Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуда, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази Синошиносӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин номи яке аз калонтарин ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба номи Сино гузошта шудааст, ки мояи ифтихору сарфарозии мо аст».
Дар ҳамоиш коршиносон ва муҳаққиқон ҷанбаҳои илмӣ-назариявӣ ва таҷрибаи амалии мутафаккири барҷаста дар илми тиб, инчунин андешаҳои фалсафавӣ ва омӯзгории ӯро мавриди омӯзиш қарор дода, дар робита ба ин мулоҳизаронӣ намуданд.


Дар доираи ҳамоиш бо мақсади шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти олими бузург намоиши филми мустанад, хона-музей, утоқи корӣ, асбоб ва лавозимоти истифодашавандаи тиббии замони ҳаким Ибни Сино ва китобҳо аз осори илмии ӯ ба маърази тамошои иштирокчиён гузошта шуд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҳошияи чорабинӣ аз ҷониби сармутахассиси Маркази арабшиносӣ ва исломшиносии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Иброҳим Тауфиқ Камел тарҷумаи осори дуҷилдаи Ибни Сино ба забони русӣ «Ибн-Сина (Авиценна) Исцеление. Теология» муаррифӣ гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






