Дар Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи якуми моҳи сентябр дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, истеҳсоли матоъҳои миллӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адрас ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.
Ғолибони фестивал бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар фестивал ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, дӯзандагону тарроҳони алоҳидаи вилоят метавонанд иштирок намоянд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






