Дар Суғд марказҳои гармидиҳӣ ва панелҳои офтобӣ бунёд мегарданд

Август 21, 2024 08:41

ДУШАНБЕ, 21.08.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Масоили татбиқи лоиҳаҳо дар самти бунёди маркази гармидиҳӣ, панелҳои офтобӣ ва корхонаи коркарди партовҳо дар вохӯрии Раиси вилояти Суғд бо директори минтақавии ширкати «Рowerchina Hebei engineering corporation Iimited» баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бунёди маркази гармидиҳӣ, панелҳои офтобӣ ва корхонаи коркарди партов ба нафъи ҷонибҳо буда, аввал дар шаҳри Хуҷанд ва дар оянда дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ чунин лоиҳаҳо татбиқ мешаванд.

Бунёди маркази гармидиҳӣ бо истифода аз технологияи нав дар шаҳри Хуҷанд имкон медиҳад, ки биноҳои баландошёна, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва корхонаву идораҳо дар фасли сармо бо гармӣ таъмин гарданд.

Масъалаи татбиқи лоиҳа дар самти бунёди корхонаи коркарди партов низ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки  дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи муҳити зист ва тозагии он таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Бунёди корхонаи коркарди партов яке аз ҳадафҳо дар ин самт маънидод гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ширкати чинӣ дар амалӣ шудани ин ҳадафи муҳим саҳм мегузорад.

Ширкат дар самти бунёди маркази гармидиҳӣ таҷрибаи кофӣ дошта, ҳадафаш амалӣ намудани ин таҷриба дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Мувофиқа шуд, ки ширкат пас аз омӯзиш мутахассисонро ба вилояти Суғд фиристад ва барои татбиқи лоиҳаҳо ҳамкорӣ карда шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 21, 2024 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид